Нисбати молики НФС-е, ки дар Душанбе таркид, парвандаи ҷиноӣ боз шуд

ВКД Тоҷикистон нисбат ба соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар Душанбе, ки рӯзи 1 май дар он сӯхтору таркиш ба амал омад, мутобиқи моддаи 192, қ.2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дода буд, бар асари сӯхтор ва таркиш дар ин нуқта 29 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

ВКД Тоҷикистон нисбат ба соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар Душанбе, ки рӯзи 1 май дар он сӯхтору таркиш ба амал омад, мутобиқи моддаи 192, қ.2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дода буд, бар асари сӯхтор ва таркиш дар ин нуқта 29 нафар осеб диданд.

Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дорад, ки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Дар ин моддаи КҶ Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба маблағи аз 48 то 60 ҳазор сомонӣ ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол пешбинӣ шудааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Қаблан ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ки сӯхтор бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ сар зада, оташ майдони зиёда аз 90 метри мураббаъ бо 60 тонна захираи маводҳои сӯзишвориро фаро гирифт.

Ёдрас мекунем, ки 1 май тахминан соати 18-30 дақиқа дар Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.

Барои хомӯш кардани сӯхтор 31 дастаи Хадамоти оташнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, соати  22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Ҳамаи осебдидагон ба Маркази тиббии №3 ва Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.

22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд. Вазъи 2 нафарашонро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.