Пешгӯйӣ: дар Тоҷикистон борони пуршиддат, жола ва селфароӣ дар назар аст

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 5-6 майи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ бо истисно аз ВМКБ, боридани боронҳои бошиддат, баамалоии раъду барқ ва эҳтимолияти боридани жола дар назар аст. Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон ва НТҶ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои 5 то 6 май дар дарёҳои […]

Asia-Plus

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 5-6 майи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ бо истисно аз ВМКБ, боридани боронҳои бошиддат, баамалоии раъду барқ ва эҳтимолияти боридани жола дар назар аст.

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон ва НТҶ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Рӯзҳои 5 то 6 май дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар Душанбе пагоҳ, 5 май ҳавои қисман абрнок, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорати ҳаво рӯзона 24+26° гарм мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, чаронидани чорво, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва растаниҳои кӯҳӣ даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.