“Тоҷикаэронавигатсия” барои анҷоми хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баробари ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Созидание” барои анҷом додани хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон иҷозатнома гирифт. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 3 майи соли равон дар ин хусус қарори дахлдор қабул кард, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ. Иҷозатнома ба “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои махсус бо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баробари ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва ҶДММ “Созидание” барои анҷом додани хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон иҷозатнома гирифт.

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 3 майи соли равон дар ин хусус қарори дахлдор қабул кард, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ.

Иҷозатнома ба “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои махсус бо асъори хориҷӣ дар муддати се сол имкон медиҳад.

Гуфта мешавад, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор гардидааст, ки доир ба КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии  хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.

Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби БМТ додашуда амалӣ карда мешавад.

Мувофиқи санад, бо асъори хориҷӣ мағозаҳои савдои бебоҷ (duty-free shop) ва нуқтаҳои мубодилаи асъори  шахсони ваколатдор кор карда метавонанд. Ҳамчунин иҷозатнома ба пешниҳоди хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ ва миёнаравӣ дар бозори байнулмилалии асъор имкон медиҳад.

Корхонаи воҳи даватии “Тоҷикаэронавигатсия” моҳи октябри соли 2008 тариқи бозсозии сохтори КВД “Тоҷик Эйр” таъсис дода шуд.

Ин ягона воҳиди собиқ корхонаи авиатсионии кишвар мебошад, бо шакли ташкиливу ҳуқуқии КВД фаъолият мекунад.

Дигар ҳама собиқ воҳидҳои “Тоҷик Эйр”, аз ҷумла худи ширкати ҳавопаймоии миллӣ дар шакли Ҷамъияи саҳҳомии кушода (ҶСК) амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.