Масофаи “заправка”-ҳо то бинои истиқоматӣ чӣ қадар бошад, то ки ҳамроҳ натарканд?

Сӯхтору таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар Душанбе, ки аз он 29 кас осеб дид, водор намуд ба андеша биравем, ки чаро дар Тоҷикистон қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд? Чаро ба сохтмони НФС дар наздикии биноҳои истиқоматӣ ва кӯдакистонҳо иҷоза медиҳанд? Нуқтаҳои фурӯши сӯзившорӣ бояд бо назардошти ҳамаи қоидаҳои бехатарӣ – санитарӣ, зидди сӯхтор, техникӣ […]

Asia-Plus

Сӯхтору таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар Душанбе, ки аз он 29 кас осеб дид, водор намуд ба андеша биравем, ки чаро дар Тоҷикистон қоидаҳои бехатариро риоя намекунанд? Чаро ба сохтмони НФС дар наздикии биноҳои истиқоматӣ ва кӯдакистонҳо иҷоза медиҳанд?

Нуқтаҳои фурӯши сӯзившорӣ бояд бо назардошти ҳамаи қоидаҳои бехатарӣ – санитарӣ, зидди сӯхтор, техникӣ ва дигар меъёрҳо сохта шаванд.

Дар меъёрҳо масофаи ҳадди ақал аз НФС то иншооти гуногун муқаррар шудааст, ки барои 3 навъи НФС – бо захирагоҳи зеризаминӣ ва рӯйизаминии навъи А (ғунҷоиши беш аз 20 м3) ва В (то 30 м3) зикр шудааст.

Мувофиқи талаботи КҲФ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо захирагоҳи зеризаминӣ бояд дар масофаи на камтар аз 50 метр то сарҳади бинои истиқоматӣ қарор дошта бошад. Нуқтаи ҳисоб сутунча (колонка)-и тақсимкунандаи сӯзишворӣ ва захирагоҳи зеризаминӣ мебошад.

Агар дар назди хонаи шумо НФС-и хурд сохта шавад, ба кам кардани масофаи сарҳад то 25 метр иҷоза дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар қаламрави гирду атрофи маҷмааи фурӯши сӯзишворӣ моликони онҳо уҳдадоранд, ки дарахту бутта шинонида корҳои сабзгардонӣ анҷом диҳанд.

Масофаи ҳадди ақалл аз НФС то иншооти дар ҷадвал зикршуда бояд чунин бошад: 

Дар Тоҷикистон моликони НФС аксаран ин қоидаҳоро риоя намекунанд, ки дар натиҷа ҳодисаҳои фоҷеабор ба мисли сӯхтору таркиш рӯзи 1 май дар Душанбе рух дода метавонад.

Ёдрас мекунем, ки шоми ҳамон рӯз дар НФС-и воқеъ дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Сино сӯхтор ба амал омада, сипас таркиши сахт садо дод. Одамони зиёд осеб дида, вазъи яке аз онҳо – корманди 21-солаи нуқтаи фурӯш вазнин аст. ВКД Тоҷикистон нисбат ба соҳиби ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе  мутобиқи моддаи 192, қ.2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Тибқи баъзе маълумот, вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор ба шумораи сутунҳои тақсимоти сӯзишворӣ рабт дорад.

Мувофиқи талаботи Меъёрҳои сохтмон ва қоидаҳо (СНиП), барои 2 сутуни тақсимоти сӯзишворӣ бояд майдони 100 метри мураббаъ, 5 сутун – на камтар аз 200 м/мураббаъ 7 сутун – на камтар аз 300 м/мураббаъ, 9 сутун – 350 м/мураббаъ ва 11 сутун – 400 м/мураббаъ ҷудо карда шавад.

Дар НФС-и мазкур барои 2 сутун майдони 90  метри мураббаъ (бо захираи зиёда аз 60 тонна маводи сӯзишворӣ) ҷудо гардида буд.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи шоҳидон, ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии иншооти истиқоматӣ ва савдо ҷойгир шуда буд. Дар ин бора комиссияи махсус расман маълумот хоҳад дод.

Дар дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ низ нуқтаҳои фурӯши сӯзившорӣ дар наздикии хонаву мактаб ва дигар иншоот сохта шудаанд.

Агар онҳо ба ҷойи дигари бехавф барои аҳоливу иншооти гирду атроф кӯчонида нашаванд, оқибатҳояш ногувор мешавад.

Дар ин суратгузориш мо суратҳои дигар НФС-ҳои воқеъ дар маҳаллаи Зарафшонро гирдоварӣ намудем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.