Собиқадорони ҶБВ дар Суғду Хатлон аз ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯмакпулӣ гирифтанд

Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов аз номи президент, инчунин ҳукумати маҳаллӣ кумак расонида шуд. Ҳар кадоме аз собиқадорон 10 ҳазор сомонӣ кумакпулии якдафъинаи президент, 4 ҳазор сомонӣ – кумаки раиси вилояти Суғд ва 2 ҳазор сомонӣ – кумаки раисони шаҳру навоҳиро гирифтанд. Дар ҷамоати Суҷинаи шаҳри […]

Баҳром Файзуллоев, Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов аз номи президент, инчунин ҳукумати маҳаллӣ кумак расонида шуд.

Ҳар кадоме аз собиқадорон 10 ҳазор сомонӣ кумакпулии якдафъинаи президент, 4 ҳазор сомонӣ – кумаки раиси вилояти Суғд ва 2 ҳазор сомонӣ – кумаки раисони шаҳру навоҳиро гирифтанд.

Дар ҷамоати Суҷинаи шаҳри Панҷакент айни замон ду собиқадор – Саид Бӯриев ва Тоштемур Зиёев зиндагӣ мекунанд, ки ҳар ду 100-солаанд.

Дар шаҳри Истаравшан Раҷаб Набиев ва Сулаймон Аюбов иқомат доранд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳозир 4 собиқадори ҶБВ ба сар мебаранд: Маъмур Аҳмедови 97-сола аз ҷамоати Гулхона, Мирзоалӣ Иброҳимови 100-сола ва Сабоҳат Файзуллоеваи 93-сола аз ҷамоати Ғӯлакандоз, инчунин Раҳимбой Раҳматови 98-сола аз ҷамоати Ҳаёти Нав.

Дар Исфара Абдувалӣ Қаюмови 97-сола аз ҷамоати Хонобод ва Иосиф Зоҳидови 95-сола аз ҷамоати Чилгазӣ барҳаётанд.

Дар вилояти Хатлон низ ба собиқадорон кумаки президент ва ҳукумати маҳаллӣ тақдим шуд: ба ҳар кадоме 10 ҳазор кумакпулии президент ва 2,5 ҳазор – кумак аз номи раиси вилоят.

То 1 майи соли 2021 шумори собиқадорони ҷанг дар вилояти Хатлон 30 нафарро буд, ки синнашон аз 92 то 107-соларо ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 94 нафар собиқадори ҷанг боқӣ мондаанд. Ҷашни Рӯзи Ғалабаи соли гузаштаро 168 нафар собиқадорони ҷанг аз Тоҷикистон таҷлил намуда буданд.

Дар майдонҳои набарди ҶБВ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангидаанд. Аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуда, ба 65 кас унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.