Тирандозӣ дар як мактаби Қазон: 7 кӯдаку 1 омӯзгор ҳалок ва 20 нафар захмӣ шуд

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 11 май дар мактаби №175-и шаҳри Қазони Русия тирпарронӣ рух дода, як шахси мусаллаҳ вориди мактаб мешавад ва тир мепарронад.

Тибқи маълумоти хабаргузориҳои ТАСС ва “Интерфакс” ҳамлагарон 2 нафар будаанд.

Роҳбари Тотористон Рустам Миннихонв изҳор доштааст, ки яке аз ҳамлагарон – ҷавони 19 сола боздошт шудааст. Ҳамлагари дигарро баъдтар хадамоти махсус нобуд карданд, хабар додаанд ТАСС ва Интерфакс бо истинод ба манбаъҳо, менависад Би-Би-Си.

Президенти Тотористон Рустам Миннихонов аз мактаб боздид намуда, дар бораи 7 нафари ҳалокшуда маълумот додааст.

“Мо 7 кӯдакро талаф додем. Хонандагони синфи 8-ум. Чор писар ва се духтар. Онҳо дар ошёнаи сеюм ҳалок шудаанд”, – гуфтааст ӯ ба рӯзноманигорон.

Кумитаи миллии зиддитеррористӣ низ аз фавти ҳафт нафар кӯдакон хабар додааст.

Баъди чанде дар шаҳрдории Қазон изҳор доштаанд, ки боз як муаллима ҳам аз тирандозӣ ҳалок шудааст ( ҳамагӣ 8 нафар, ки 7-нафарашон ноболиғонанд).

Дар дафтари матбуоти роҳбари Тотористон ба РИА Новости иттилоъ додаанд, ки 7 нафар кӯдаку 1 нафар муаллима ҳалок ва 20 нафар захмӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.