Дар Тоҷикистон 69 ҳазорро воксини зидди коронавирус заданд. Ҳеҷ ҳолати марг нест

Дар Тоҷикистон то кунун 69 ҳазору 229 нафарро воксини алайҳи коронавирус задаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар доданд. Тибқи иттилои манбаъ, то 7 май воксинзанӣ алайҳи COVID-19  дар 83 ниҳоди давлатӣ бо шумули муассисаҳои ҳифзи саломатии давлатӣ ва ғайридавлатии кишвар гузаронида шудааст. «Ба ҷуз кормандони соҳаи […]

Дар Тоҷикистон то кунун 69 ҳазору 229 нафарро воксини алайҳи коронавирус задаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, то 7 май воксинзанӣ алайҳи COVID-19  дар 83 ниҳоди давлатӣ бо шумули муассисаҳои ҳифзи саломатии давлатӣ ва ғайридавлатии кишвар гузаронида шудааст.

«Ба ҷуз кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони меҳмонхонаҳо, Кумитаи телевизион ва радио ва ғайра низ воксин зада шуданд. Умуман, то (7 май) 72, 8%  нақшаи аввали пешбинишудаи ба ваксинзанӣ фаро гирифтани шаҳрвандон иҷро шудааст ва ин кор давом мекунад», – гуфтанд дар Вазорат.

Вазорат мегӯяд то кунун бар асари воксинҳо ҳеҷ мавриди марг дар миёни воксиншуда сабти ном нашудааст.

«Ҳарчанд дар рӯзҳои аввали ворид шудани ваксина ба кишвар овозаҳо зиёд буданд, аммо таҷриба нишон дод, ки ҳонҳо асоси воқеӣ надоранд», – менгӯянд дар ин ниҳод.

Қаблан, 20 апрел, сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки то имрӯз ваксина дар Тоҷикистон ба касе осеб нарасонидааст ва ҳолатҳои таъсири манфӣ низ ба қайд гирифта нашудаанд.

Ёдовар мешавем, ки воксини Astra-Zeneca бо фосилаи ду моҳ гирифта мешавад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, ваксина ройгон ва ихтиёрӣ аст.

Дар маҷмӯъ, тибқи барномаи COVAX бояд ба Тоҷикистон 732 ҳазор воя воксини AstraZeneca ворид карда шавад. То ин дам  танҳо 192 дазор ворид гаридааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.