Ҳушдори КҲФ аз шиддати офати табиӣ: боришоти зиёд ва сел

Рӯзҳои 11-14 май дар қаламрави кишвар боришоти пуршиддат ва баъзан жолаву раъду барқ дар назар аст. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. Гуфта мешавад, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 11-14 май дар қаламрави кишвар боришоти пуршиддат ва баъзан жолаву раъду барқ дар назар аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯйӣ мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандоне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва мавзеи кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки хеле ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Кумита ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, чаронидани чорво, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум ва растаниҳои кӯҳӣ даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпарто ва селроҳаҳои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар ағбаву роҳҳои мавзеи кӯҳистон меъёри суръат ва масофаро қатъиян риоя намоянд.

Имрӯз дар Душанбе бар асари боришоти пуршиддат роҳи зери пули назди мавзеи фурудгоҳ зери об монд.

Роиҳ мошингузар дар сонияҳои башумор зери об монд: обпартоҳо ба рафъи ин миқдор маҷрои об қодир набуданд.

Ронандагон ва мусофирон аз автомашинаҳо ба берун баромада, дар болои воситаҳои нақлиёт қарор гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.