Кумаки шаҳрдории Душанбе ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Кӯлоб

Date:

Шаҳрдории Душанбе рӯзи 13 май ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кумаки башардӯстона фиристод, ки байни аҳолии рӯзи 11 май аз офати табиӣ осебдида тақсим карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, кумак аз 300 тонна масолеҳи сохтмонӣ аз қабили сементу арматура ва  тахта иборат аст.

Гуфта мешавад, ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ин минтақа инчунин беш аз 170 тонна  маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла   орду шакар, гӯшту равған, биринҷ, пиёзу картошка  ва  1200 дона ҷиҳози рахти хоб  фиристода шуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари офати табиӣ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Даштиҷум, деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таҳхонаи 26 хона ва иншооти ёридиҳанда, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва роҳҳои байни деҳаҳо зери об монданд.

Дар шаҳри Кӯлоб манзилҳои воқеъ дар кӯчаҳои Завод, Содиқов, қитъаҳои 3, 4, 5 ва маҳаллаи Файзободи боло, Первомай, Раҳимзода ва Пошодара зери обу лойқа монда, ғайр аз ин, ба боғҳо ҳам зарар расонида шуд.

Дар ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара пули роҳи байни Данғара-Леваканд қисман осеб дид.

Дар ноҳияи Муъминобод хонаву қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пулу роҳҳои байни деҳаҳо аз сел хисорот диданд.

Ҳангоми омадани сел дар шаҳри Кӯлоб се нафар ҳалок шуданд, ки ду нафарашон дар дохили мошин қарор дошта, якеро маҷрои сел бурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...