Вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 19 май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи ҳузури бевосита дар Душанбе доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора рӯзи 13 май намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова ба рӯзноманигорон хабар додааст. Ҷаласаи зикршуда таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин […]

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров 19 май дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки тариқи ҳузури бевосита дар Душанбе доир мегардад, иштирок мекунад. Дар ин бора рӯзи 13 май намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова ба рӯзноманигорон хабар додааст.

Ҷаласаи зикршуда таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор мешавад, зеро раёсати имсоларо дар СААД Тоҷикистон бар дӯш дорад.

Дар ҷаласа оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байнулмилалӣ бо арзёбии таъсири он ба амнияти кишварҳои узви Созмон, инчунин рушду таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи СААД табодули назар сурат мегирад.

Инчунин роҳбарони ҳайатҳо қарорҳоеро, ки ҷиҳати баррасӣ ба иҷлосияи тирамоҳии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон пешниҳод мешаванд, тасдиқ мекунанд.

Зимни ҷаласа қабули як қатор изҳороти муштарак оид ба масоили муҳими байнулмилалӣ, ҳамкории СААД бо давлатҳои манфиатдор ва созмонҳои байнулмилалӣ ба дар назар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...