Муаллифи суруди миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ва писарашро душмани паштунҳо унвон кард

Asia-Plus

Борӣ Ҷаҳонӣ муаллифи суруди миллии Афғонистон ва вазири пешини фарҳангу иттилооти ин кишвар Аҳмадшоҳ Масъуд ва писараш Аҳмади Масъудро душмани паштунҳо унвон кардааст. 

Абдулборӣ Ҷаҳонӣ, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, бо нашр аксе аз бистари беморӣ, дар саҳфаи фейсбукаш ба сиёсатмадорони паштуни Афғонистон ҳушдор додааст, ки барои ҳимоят аз низоми кунунӣ гирди ҳам оянд то аз ин тавтеаҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Оқоӣ Борӣ гуфтааст, ки худи ман ҷонибдори низом нестам ва барои ҳамин аз кор дар вазорати фарҳангу иттилоот истеъфо додам, аммо  дар ҳоли ҳозир ҳимоят аз ин низомро ба нафъи паштунҳо медонам. 

Ин суханонро Борӣ дар пасманзари як матлаби нашряи New York Times навиштааст, ки чанде пеш ин нашрия навишта буд, ки Амрико баъди хуруҷи неруҳояш аз Афғонистон ба дунболи шахсиятҳое мегардад, ки онҳоро ҳимоят кунад то дар мубориза ба терроризм муваффақ бошанд. Ин нашрия Аҳмади Масъуд писари Аҳмадшоҳ Масъуд Қаҳрамони миллии Афғонистон ва фармондеҳи пуровозаи даврони ҷиҳоду муқовимати Афғонистонро ба унвоне яке аз ин гуна шахсиятҳои мавриди назари ИМА ном бурдааст.

То кунун ба ин изҳороти Борӣ ҳеч мақоми расмиву сиёсие дар Афғонистон посух надодааст, ҳатто хонаводаи Масъуд ва дигар шахсиятҳои ҷиҳодиву сиёсии Афғонистон ҳам вокунише накардаанд.

Аммо дар расонаҳои иҷтимоии Афғонистон ин изҳори назарҳо вокунишҳои зиёдеро ба ҳамроҳ доштаанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ Борӣ Ҷаҳониро ба фошизм ва қавмгаройӣ муттаҳам кардаанд. Аз ҷумла Партав Нодирӣ рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи Афғонистон бо ишора ба муаллифи суруди миллии Афғонситон будани Борӣ навиштааст, ки "ҳеч вақт сурудаи як фошист, суруди миллӣ намешавад. Мо суруди миллӣ надорем".

"Китобҳоро бифурӯшед, қаламҳоро бифурӯшед, туфанг бихаред. Фошизми бефарҳанг забони китобу қаламро намефаҳмад. Бо забони туфанг бояд бо фошизм сухан гӯйед. Бо фошизм ва ҳамроҳ бо фошизм, на миллат сохта мешавад ва на кишвар. Фошизм кӯрмор аст, ҳам дигаронро мекушад ва ҳам худро",-навиштааст Нодирӣ.

Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин навиштаҳои муаллифи суруди миллии Афғонистонро башиддат наратангез ва тафриқаафганона хонадаанд. 

Бояд гуфт. ки суруди миллии Афғонистон, ки комилан ба забони пашту аст, дар Афғонистон солҳост, ки мавриди баҳс аст ва намояндагони қавмҳои идгари ин кишвар иддао доранд, ки ин шеъри ин суруд манофеи тамоми ақвоми ин кишваро ифода намекунад ва хоси як қавм аст.

Зимнан ҳамон Луйи Ҷиргае, ки шеъри Борӣ Ҷҳониро ба унвони суруди миллии Афғонистон баргузидааст, ҳамчунин ин Луйи Ҷирга ба Аҳмадшоҳ Масъуд унвони Қаҳрамони миллии Афғонистонро низ додааст. 

Аҳмад Масъуд писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ки ҳоло унвни Амири ҷавонро гирифтааст, чанде пеш дар Кобул бо баргузор кардани як ҳамоиши бузурге, гуфт вориди сиёсат мешавад ва барои манофеи тамоми мардуми Афғонистон талош мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.