Боздошти ду корманди Вазорати молия ба гумони тасарруфи зиёда аз 4 млн сомонӣ

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба ду корманди Вазорати молия ба гумони даст доштан дар тасарруфи ғайриқонунии маблағи калон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. “Нисбат ба Наргиз Рузиева, сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молия ва мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Тахмина Юсупова мутобиқи моддаҳои 245 қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ […]

Asia-Plus

Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба ду корманди Вазорати молия ба гумони даст доштан дар тасарруфи ғайриқонунии маблағи калон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

“Нисбат ба Наргиз Рузиева, сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молия ва мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Тахмина Юсупова мутобиқи моддаҳои 245 қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори  махсусан калон) ва 323 (Сохтакории хидматӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад”, – хабар медиҳад маркази матбуотии Агентӣ.

Гуфта мешавад, давоми солҳои 2018-2020 онҳо бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ зиёда аз 4 млн 72 ҳазор сомониро ғайриқонунӣ тасарруф кардаанд.

Қобили зикр аст, ки агар гуноҳи онҳо исботи худро ёбад, ҳар кадоме аз занҳо ба муҳлати то 12 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.