Эмомалӣ Раҳмон шаш судяро барканор кард: “бо хоҳиши худашон”

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар як фармони вижа шаш додрас ё судяҳои додгоҳҳои гуногуни Тоҷикистонро аз мақомҳояшон барканор кардааст. Далелии барканории бархе аз додрасҳо "хоҳиши худашон" унвон шудааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Аз ҷумла бар асоси ин фармон Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанд ва Мирбобозода Ҳабибулло Муҳамадаюбӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба далели "расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод" гардиданд.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Давлатзода Искандар Саъдуллоро ва Расулзода Муҳаммад Аслидинро аз мақоми додарси додгоҳи вилояти Хатлон, Ализода Эраҷ Асатулло ва Аминзода Фирӯза Баҳромиро аз мақоми додраси додгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд "бо хоҳиши худашон" барканор кардааст

То кунун дар бораи ба ҷойи додрасҳои барканоршуда дар мавриди таъин шудани нафарони нав хабар дода нашудааст. 

То ҳол дар маврди таъин гардидани раисони суд ва судяҳо нав иттилое дода нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...