Расонаҳои русӣ: шаҳрвандони тоҷику қирғиз дар Маскав занозании гурӯҳӣ кардаанд

Date:

Бино ба навиштаи расонаҳои русӣ дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон миёни ҳам занозанӣ кардаанд. Бар асари ин занозанб 6 нафар дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС ин занозанӣ дар қисмати ҷанубу шарқи Маскав, дар хиёбони Вернадский рух додааст, ки 9 нафарро полис боздошт ва ҷазо додааст. Гуфта мешавад ин занозанӣ шаби 19-уми май рух додааст.

Бар пайи ин даргирӣ, ки пулиси Маскав далели онро "хусумати шахсӣ" унвон кардааст, ду нафарро барои вайрон кардани қоидаҳои буду бош  ва 7 нафари дигарро барои майдаавбошӣ ҷарима кардаанд. 

Пулиси Маскав шумори иштирокдорони ин даргирирро 15 нафар гуфтааст.

Бархе расонаҳои русӣ дар пасманзари инъикоси ин ҳодиса ба даргириҳои марзии ахири Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ишора кардаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...