Майдони муҷассамаи Айнӣ дар Душанбе таъмиру бозсозӣ шуд

Корҳои таъмиру навсозии майдони Айнӣ дар пойтахт, ки нимаи моҳи июни соли гузашта оғоз гардида буданд, ба охир расиданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе. Корҳои таъмиру таҷдид ҳудуди 6 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, дар 2 ҳазор метри мураббаъ қитъаҳо сабзазор ва гулу буттаву дарахтон шинонида шуданд. Ба иттилои манбаъ, ҳамаи […]

Корҳои таъмиру навсозии майдони Айнӣ дар пойтахт, ки нимаи моҳи июни соли гузашта оғоз гардида буданд, ба охир расиданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе.

Корҳои таъмиру таҷдид ҳудуди 6 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, дар 2 ҳазор метри мураббаъ қитъаҳо сабзазор ва гулу буттаву дарахтон шинонида шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи 6 фаввора ва дастгоҳҳои равшанидиҳандаи майдон пурра таъмиру навсозӣ шуданд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта раҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо ташаббуси худ таҳияи лоиҳаи таъмиру навсозии майдонро фармоиш дод. Лоиҳа ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, сарвари давлат онро дастгирӣ кард.

Дар доираи анҷоми корҳои лоиҳа тарзи ороиш (дизайн), фаввораҳо, пиёдароҳҳо ва мавзеи сабзазори майдон тағйир дода шуд.

Ғайр аз ин, гузаргоҳи зеризаминие, ки майдонро бо бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (собиқ бинои Осорхонаи милии Тоҷикистон) пайваст мекунад, навсозӣ шуд.

Ҷойи ҳайкалҳо дар майдон мисли пешина боқӣ монда, онҳо бо навашон иваз нашуданд ва дигар ҳайкалҳои нав ҳам дар майдон гузошта нашуд.

Ҳамаи хароҷоти корҳои таъмиру навсозии майдони мазкурро КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба дӯш гирифт.

Майдон соли 1978 ба ифтихори таҷлили ҷашни 100-солагии Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти муосири тоҷик ифтитоҳ шуд. Дар атрофи муҷассамаи Айнӣ ҳайкалу нимпайкараҳои қаҳрамонони асарҳои ӯ қомат афрохтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".