Лавров пойгоҳи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон омили суботи минтақа хонд

 “Рафти иҷрои қарордодҳо дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомӣ техникӣ, аз ҷумла мусоидати Русия ба таъмини Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳу муҳимоти навро баррасӣ кардем. Тавофуқ ҳосил намудем, ки минбаъд низ нақшаҳои пешбинишударо бо риояи муҳлатҳои муқарраршуда иҷро мекунем”, – гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе пас […]

 “Рафти иҷрои қарордодҳо дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомӣ техникӣ, аз ҷумла мусоидати Русия ба таъмини Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳу муҳимоти навро баррасӣ кардем. Тавофуқ ҳосил намудем, ки минбаъд низ нақшаҳои пешбинишударо бо риояи муҳлатҳои муқарраршуда иҷро мекунем”, – гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе пас аз дидору гуфтушунид бо ҳамтои тоҷики худ Сироҷиддин Муҳриддин.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти вуҷуд доштани хатар ба амнияти умумӣ, ин масъала хеле муҳим аст.

“Пеш аз ҳама, дар ҳошияи вазъ дар Афғонистон дар робита ба оғози аз ин кишвар берун бурдани неруҳои ИМА ва НАТО, ки эълон шудааст. Мо аз фаъолмандии ҷангиёни созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар вилоятҳои шимоли Афғонистон нигаронем. Ба ин омодаем ва онро дар амал иҷро мекунем, дар кори мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба Душанбе ҳамаҷониба кумак мекунем”, – иброз дошт Лавров.

Ӯ зикр кард, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон омили субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, инчунин хабар дод, ки Русия ба сохтмони дидбоноҳи сарҳадӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

“Дар омили назарраси суботи минтақа будани пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон мо ҳамфикрем. Бо иштироки Қувваҳои мусаллаҳи Русия мунтазам оид ба амалҳои зиддитеррористӣ машқу тамринҳо гузаронида мешаванд. Ояндаи наздик созишномаи байниҳукуматӣ имзо карданием, ки мутобиқи он мо ба сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон аз лиҳози молиявӣ кумак мекунем”, – изҳор дошт Лавров.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".