Баҳси доғи коронавирус дар Хуҷанд: натиҷаи мусбати ташхиси як хориҷӣ ва бистарӣ шудани 15 нафар бо илтиҳоби шуш

Натиҷаи мусбат додани ташхиси коронавируси як шаҳрванди Яман дар Хуҷанд ва бо нишони илтиҳоби шуш бистарӣ шудани 15 нафар дар Беморхонаи сироятии ин шаҳр сару садоҳои зиёдеро дар миёни мардум эҷод кардааст. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар рӯзҳои ахир ҳеч нишони нави гирифторӣ ба коронавирус ё COVID 19 дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст. […]

Ҳалим Ҷӯраев, Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Натиҷаи мусбат додани ташхиси коронавируси як шаҳрванди Яман дар Хуҷанд ва бо нишони илтиҳоби шуш бистарӣ шудани 15 нафар дар Беморхонаи сироятии ин шаҳр сару садоҳои зиёдеро дар миёни мардум эҷод кардааст.

Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар рӯзҳои ахир ҳеч нишони нави гирифторӣ ба коронавирус ё COVID 19 дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст.

Нигаронӣ аз ин пайо шудааст, ки натиҷаҳои ташхиси як шаҳрванди Яман Мансур Алӣ Қосим рӯзи 16-уми май дар озмоишгоҳи “Луқмони Ҳаким”-и  Хуҷанд натиҷаи мусбат додааст ва ҳоло ин шаҳрванд дар Беморхонаи сироятии Хуҷанд бистарӣ шудааст.

Ин шаҳрванди Яман, ки дар Тоҷикистон хешу табор доштааст, аз Арабистони Саудӣ ба Ӯзбекистон ва баъд аз як моҳи сукунат дар ин кишвар ба Душанбе омадааст. Чанд рӯз пеш барои сайёҳат ба Хуҷанд рафааст.

Салтанат Муъминова, яке аз пайвандони наздики Мансур Алӣ Қосим дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт се рӯз пеш ӯро дар Бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд, ки маркази КОВИД-19 аст бистарӣ карданд.

“Дар Душанбе аз 7-уми май бо мо якҷоя аст. Аммо хост аз Хуҷанд дидан кунад ва инҷоомадем. Танҳо як шаб дар меҳмонхонаи шаҳри Бӯстон истод, аммо баъд бо тавсияи як пешхизмат барои ташхис ба “Луқмони Ҳаким” меравад. Вайро гирифта  онҷо бурданд ва коронавирус бароварданд”.

Муъминова мегӯяд, ки Мансур Алӣ Қосим рӯзи 7 май аз Ӯзбекистон ба Душанбе омад ва аз ташхиси коронавирус гузашт, ки манфӣ буд.

“Давоми 10-12 рӯз меҳмони хонаи мо буд, агар вирус медошт мо як хонавода ва худи ман сироят меёфтем. Лекин дар мо ягон аломати беморӣ нест. Ман медонам, ки ягон нишонаи беморӣ надорад”,-мегӯяд Муъминова

Акбархон Самадзода, мудири шуъбаи озмоишгоҳи Луқмони Ҳаким дар Хуҷанд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки онҳо рӯзи 16-уми май ин шаҳрванди Яманро ташхиси коронавирус карда буданд ва дар ду маврид натиҷаи санҷиш мусбат буд. Ба гуфтаи Самадзода, ташхиси ин шаҳрванди хориҷӣ ба “гуруҳи вирусии РНК сарс ковид ду” марбут аст.

“Шаҳрванди Яманро аз ташхиси аксуламали занҷирбандии полимередӣ ПТР барои дарёфти малекулаи вирус гузаронидем.  Аз ҳалқ, луоби даҳон малекулаи вируси коронавирус ёфт шуд. Аммо ташхиси ин шаҳрванди хориҷиро дубора санҷидем. Гуфтем шояд бори аввал хато нишон дод, вале дуюм бор ҳам вирус баромад. Лекин он шахс бемор аст ё не духтури табобаткунанда медонад”.

Дар ҳамин ҳол Рустам Бӯриев, сардухтури Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд, ки ҳоло шаҳрванди Яман дар ин ҷо бистарӣ аст мегӯяд,  “дар ӯ ягон нишонаи беморӣ нест, фақат дар назорат истодааст”.

Ӯ дигар ҷузъиёт надод. Бино ба гуфти сардухтур як ҳафтаи ахир 15 нафарро дар пайи ҳарорати баланд бистарӣ карданд, вале дар ташхиси онҳо вируси КОВИД пайдо нашудааст ва онҳо ба илтиҳоби шуши мавсимӣ гирифтор шудаанд.

“Ҳолаташон қаноатбахш, саломатии ягон нафар аз онҳо вазнин нест. Дирӯз ду нафарро қабул ва се нафарро ҷавоб додем. Инҳо табъ  доштанд, гулӯдард буданд. Дигар шикоят надоранд. Ҳоло табъи ҳама фаромадагӣ аст. Муҳлати табобат, ки ниҳоӣ шуд рухсатӣ мешаванд.  Имрӯз се чаҳор нафари онҳоро ҷавоб медиҳем.”-гуфт, Рустам Бӯриев.

Аз Вазорати тандрустӣ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯйи ин ниҳод гуфт, ки натиҷаи мусбат додани озмоиши тестии фарде, ки ба Тоҷикистон ворид шудааст, ҳеч асоси воқеӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ натиҷаи тестӣ 4 нафар аз онҳоеро, ки дар Бемористони сироятии Хуҷанд бистарӣ ҳастанд, барои ташхиси дубора ба Душанбе фиристодаанд.

Вазорати тандурустӣ, мегӯяд барои гузаронидани ташхиси дубора фиристондани натиҷаҳои тестӣ,  танҳо ба хотири пешгирии беморӣ аст ва ин нишонаи он аст, ки  назорати беморӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки «вазъият дар кишварҳои хориҷ вахим аст ва ба ҳамин хотир вақте шаҳрвандони хориҷ ё худамон, аз хориҷ ворид мешаванд, ба хотири ба саҳлангорӣ роҳ надодан то тасдиқи ташхис дар беморхона нигоҳ дошта мешаванд. Ва онҳое, ки аз кишварҳое, ки он ҷо беморӣ зиёд аст меоянд, дар ду ҷо тест месупоранд».

Дар ҳамин ҳол Рустам Бӯриев вазъият идорашаванда медонад ва мегӯяд, ки қобили нигаронӣ нест ва теъдоди бистаришавӣ ҳам кам аст. “Бо ин табъи баланд, ки меоянд яксол пеш ва аз он пеш ҳам чунин шикоято буд. Ин илтиҳоби шуши мавсимӣ ҳамасола мешавад, ягон адади ин беморӣ тасдиқи худро наёфтааст”,-гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.