Тоҷикистону Қазоқистон 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо имзои 7 санади ҳамкорӣ имрӯз дар Душанбе гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар сатҳи олӣ ба итмом расиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистоон, зимни мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз, 20 май дар “Қасри миллат” масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуданд.

Пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид санадҳои зерин ба имзо расиданд:

– Изҳороти муштараки сарони кишварҳо;

– Созишнома байни Вазоратҳои тандурустии Тоҷикистону дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди бемории сил;

– Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2021-2023;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Қазоқистон;

– Ёддошти қолабӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди зерсохтҳо Қазоқистон дар мавриди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

– – Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ва Кумитаи аэрокайҳонии Вазорати рушди рақамӣ, инноватсионӣ ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба таъсиси низоми тақсимоти молҳо.

Вохӯрии хосаи сарони кишварҳо

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар бахшҳои муҳиму судманд, табодули андеша карданд.

“Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар қадр мекунад. Мо тасмим дорем, ки минбаъд низ кӯшишҳои заруриро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни кишварҳоямон дар ҳама соҳаҳо идома диҳем”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот.

Дар рафти музокироти ҷонибҳо масъалаи дастгирии ҳамдигарӣ дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии короновирус ва амалисозии тадбирҳо барои коҳиш додани таъсири пандемия ба иқтисоди кишварҳо, баррасӣ карданд. Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак мо тавонистем барои ҳифзу ҳимояи шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазир андешем.

Дар ин зимн зарур шумурда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус ва дигар бемориҳо идома дода шавад. Рушди ҳамкории бахши тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятнок арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки Қазоқистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад.

Гардиши мол соли гузашта қариб 1 млрд долларро ташкил дод.

Тоҷикистон ҳавасмандии худро оид ба ҳамкорӣ бо Қазоқистон ҷиҳати рақамикунонии иқтисодиёт, инноватсия ва воридоти технологияи муосир, таъсиси корхонаҳо оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти хуштамъу аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноку пурсамари минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари мо, изҳор дошт. Дар соҳаи нақлиёт зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва дигар арсаҳо, аз ҷумла аҳамияти барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишвар таъкид гардид.

Изҳороти муштарак

Дар изҳороти муштарак сарони кишварҳо ба натиҷаҳои ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Форуми сармоягузории моҳи марти соли 2021 дар Душанбе баҳои мусбат доданд.

Аз натиҷаҳои ҷаласаи 3-юми Гурӯҳи кории муштарак роҷеъ ба афзоиш додани гардиши мол ва номгӯйи молҳои табодулшаванда байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин омодагии тарафҳоро ҷиҳати таҳияи Харитаи роҳ барои афзоиши тиҷорати дуҷониба дар солҳои 2022-2023 истиқбол шуд.

Ҷонибҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ барои коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи корхонаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба тавофуқ расида, омодагии худро ба баррасии имконияти тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноат, роҳи оҳан ва дигар навъи нақлиёт, зерсохтор, логистика ва дигар соҳаҳо таъйид карданд.

Дар ин робита, аз имзо шудани Ёддошти тафоҳуми чорчӯбавии ҳамкорӣ дар соҳаи саноат истиқбол намуданд.

Бо дарназардошти таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ изҳор шуд, ки иқдомҳои зарурӣ ҷиҳати афзоиши табодули маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкили марказҳои тақсимоти яклухт дар қаламрави кишварҳо анҷом дода шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...