“Талош”: нахустин филми безабони тоҷикӣ, ки ба ҷашвораи филмсозони ҷавони Гурҷистон меравад

Date:

Филми коргардони ҷавони тоҷик Соҳибёр Толиб  бо номи "Талош" (Тоҷикфилм) дар ҷашнвораи "Иттиҳод" ё “Содружество”-и Гурҷистон  ширкат мекунад. Ин ҷашнвора филмсозони ҷавони то 35-солаи кишварҳои Шӯравии собиқро гирди ҳам меорад.

Филми  "Талош" дар миёни 30 филми муддаии ин ҷашнвора барои ба даст овардани ҷоиза сабқат мекунад. Ин ҷашнвора аз 26 май то 2-юми июн дар шаҳри Батумии Гурҷистон баргузор мешавад.

Ин як филми безабон аст ва бори нахуст аст, ки аз Тоҷикистон ин гуна филм дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ширкат мекунад.

Коргардон мегӯяд, ки достони филм аз ин қарор аст, ки “мӯйсафеде бо зоҳири зиёӣ, тамоми дороияш китобхонаест. Китобҳояшро ба фурӯш мегузорад, то барои табобати завҷаи маризаш харҷ кунад. Ӯ ҳангоми фурӯши китобҳо  шоҳиди куштори зане мегардад.  Мӯйсафед ин тасодуфро ба манфиати худ истифода мекунад, маблағи кофӣ барои табобати завҷааш пайдо мешавад. Хати асосии сужет тангдастӣ ва талошҳои марди пире, ки мехоҳад, завҷаи беморашро наҷот диҳад. Дар контраст марди ҷавоне занеро, ки шоҳиди ҷиноятҳои ӯст, ба қатл мерасонад”. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соҳибёри Толиб дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки барои сохтани филм ба мушкилоте рӯ ба рӯ шуд ва ба таъбири мардумӣ бо “қарзу қавола” филм сохтааст.

«Тоҷикфилм” дар ин филм ҳамчун саррпарасти техникӣ нақш дошт, сармояро бояд ман пайдо мекардам, гуфт ӯ.  

“Дар Душанбе иҷоранишин будам. Се моҳ барои иҷора напардохтам, як миқдор пул ҷаъм овардам, ки ба баъзе хароҷот ва як рӯзи филмбардорӣ расид. Рӯзи дуввум мо пул надоштем, аммо инро аз гурӯҳ пинҳон доштам. Ошхонаи Кумитаи телевизион ва радио ба гурӯҳ ғизои нася дод. Хонаро барои филмбардорӣ ҳамон рӯз пайдо кардем. Кори мо монанд, ба сабти гузориши телевизионӣ буд, боз ҳам асари синамоӣ тавлид шуд”,-мегӯяд ӯ.

Ӯ мегӯяд як дӯсташ Беҳзод Исомиддин аз Амрико як миқдор маблағгузорӣ кард, ки аз он ҳисоб гурӯҳи филмсозӣ музди кам гирифтанд, ба ҷуз филмбардор(оператор) муаллифон ва ҳунарпешагон, ки музд нагирифтаанд.

Ин коргардони тоҷик мегӯяд, ки кори филмсозӣ кори серхароҷоте аст ва бидуни ҳимояту сармоягузорӣ кори зиёде карда намешавад.

“Филмро ба ҷашнвораҳо нафиристодаем. Бо таҳсил машғул шуда, ба таблиғи филм аҳамият надодам. Ба ҷашнвораҳо фиристодан низ хароҷот дорад. Мутаасифона, барои таблиғи филм кӯмак пайдо накардем. Филми кӯтоҳ ғайритиҷоратӣ аст ва бе кӯмаку дастгирӣ тавлиду таблиғ намешавад”,- мегӯяд ӯ.

Соҳибер Толиб бар ин аст, ки филмсозони ҷавон дар Тоҷикистон ба дасгирӣ ниёз доранд. Онҳое, ки филми кӯтоҳ мегиранд, бештар худашон маблағ пайдо мекунанд. Аксарияти ҷавононе, ки синамогари ҳирфаӣ ҳастанд, ҳанӯз ҷомеа онҳоро намешиносад. Онҳо ба худашон иҷозат намедиҳанд, ки бо буҷаи кам филм сохта, худро шарманда кунанд. Умри онҳо мегузарад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Ҷавононе, ки як каме имкониат ва пуштибониҳо доранд, ба буҳрони идея мубтало ҳастанд. Аз онҳое, ки идея медузданд, асари сазоворе мунтазир намешавем”.

Дар филми  Талош нақшҳои марказиро Исфандиёр Ғуломов ва Қурбон Собир бозидаанд. Инчунин Саврӣ Сабзаалиева, Марям Исоева, Моҳпайкар Ёрова, Шероз Маликзод, Аъзам Розиқ низ нақш офаридаанд.

Дар “Содружество” синамосозони муваффақи то 35 сола аз қаламрави СНГ ҷаъм меоянд. Аз баъзе кишварҳо ду, ё се нафар имкон доранд, ки роҳ ёбанд. Аз Тоҷикистон танҳо як нафар имкон дошт, ки роҳ ёбад. Дар ин ҷашнвора намоиши филм дар бахши озмунӣ, таҳлили филмҳо аз ҷониби синамошиносон, вохӯрӣ бо коргардонҳо, продюссерҳо ва дарсомӯзӣ сурат мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...