Барканории раиси СЭС-и Суғд бар пайи хабарҳои ахир дар мавриди тағйири вазъи беҳдоштии вилоят

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Раиси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд (СЭС) Абдумавлон Абдуллозода бо як фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз мақомаш барканор шудааст. Ин хабарро як манбаъ аз СЭС-и вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" таъйид кард.

Хабари барканории Абдумавлон Абдуллозода дар пасманзари хабарҳои ахир дар мавриди тағйири вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд, нигарониҳои хосеро ба дунбол дорад. Вале ҳоло маълум нест, ки барканории раиси акнун собиқи СЭС-и вилоят ба ин хабарҳо рабте дорад ё не.

Абдумавлон Абдуллозода, дар мақоми сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳамагӣ 8 моҳ кор кард.

Ҳоло гуфта мешавад, ки Таҳмина Усмонова сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд ба ҷойи Абдуллозода дар ин мақоми вилоятӣ омадааст.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта хабарҳо нашр шуд, ки як шаҳрванди хориҷ дар яке аз омӯзишгоҳҳои вилояти Суғд тести каронавирус супоридааст, ки натиҷааш мусбат будааст. Ҳатто мудири озмоишгоҳи "Луқмони Ҳаким", ки ин ташхисро анҷом дода буд, дар суҳбат ба "Азия-Плюс" инро таъйид кард. Ҳамчунин гуфта мешуд, ки Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд ҳам шумори гирифторони илтиҳоби шуш, ки бистарӣ шудаанд ба 15 нафар расидааст.

Ин хабар аз сару садоҳоро дар бораи бозгашти дигарбороаи коронавирус зиёд кард, аммо вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ин хабарҳоро беасос номид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.