Барканории раиси СЭС-и Суғд бар пайи хабарҳои ахир дар мавриди тағйири вазъи беҳдоштии вилоят

Раиси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд (СЭС) Абдумавлон Абдуллозода бо як фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз мақомаш барканор шудааст. Ин хабарро як манбаъ аз СЭС-и вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" таъйид кард. Хабари барканории Абдумавлон Абдуллозода дар пасманзари хабарҳои ахир дар мавриди тағйири вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд, нигарониҳои хосеро ба дунбол дорад. […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Раиси Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд (СЭС) Абдумавлон Абдуллозода бо як фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз мақомаш барканор шудааст. Ин хабарро як манбаъ аз СЭС-и вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" таъйид кард.

Хабари барканории Абдумавлон Абдуллозода дар пасманзари хабарҳои ахир дар мавриди тағйири вазъи эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд, нигарониҳои хосеро ба дунбол дорад. Вале ҳоло маълум нест, ки барканории раиси акнун собиқи СЭС-и вилоят ба ин хабарҳо рабте дорад ё не.

Абдумавлон Абдуллозода, дар мақоми сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ҳамагӣ 8 моҳ кор кард.

Ҳоло гуфта мешавад, ки Таҳмина Усмонова сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд ба ҷойи Абдуллозода дар ин мақоми вилоятӣ омадааст.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта хабарҳо нашр шуд, ки як шаҳрванди хориҷ дар яке аз омӯзишгоҳҳои вилояти Суғд тести каронавирус супоридааст, ки натиҷааш мусбат будааст. Ҳатто мудири озмоишгоҳи "Луқмони Ҳаким", ки ин ташхисро анҷом дода буд, дар суҳбат ба "Азия-Плюс" инро таъйид кард. Ҳамчунин гуфта мешуд, ки Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд ҳам шумори гирифторони илтиҳоби шуш, ки бистарӣ шудаанд ба 15 нафар расидааст.

Ин хабар аз сару садоҳоро дар бораи бозгашти дигарбороаи коронавирус зиёд кард, аммо вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ин хабарҳоро беасос номид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.