Вазири тандурустӣ: “Расман изҳор мекунам, ки дар кишвар ягон бемори COVID-19 нест”

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикитсон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳиба ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки овозаҳои дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирус асоси воқеӣ надоранд. “ВАО хабар медиҳанд, ки шахсони гирифтори COVID-19 боз дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд. Ин гапҳо нодурустанд”, – изҳор дошт вазир. Ба гуфтаи ӯ, асли гап он аст, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикитсон Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳиба ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки овозаҳои дубора ба кишвар баргаштани ҳолатҳои сироят аз коронавирус асоси воқеӣ надоранд.

“ВАО хабар медиҳанд, ки шахсони гирифтори COVID-19 боз дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд. Ин гапҳо нодурустанд”, – изҳор дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, асли гап он аст, ки дар ҷумҳурӣ якчанд ҳолатҳои “гирифтории такрорӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ба қайд гирифта шудааст”.

“Онҳо огоҳӣ ва тавсияҳои табибонро нодида гирифта, ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Бо супориши шахсии ман онҳо на дар шуъбаҳои сироятӣ, балки дар шуъбаи дармонӣ (терапевтӣ) бистарӣ шудаанд. Онҳо дар натиҷаи оббозӣ дар обанборҳо ва бар асари обуҳавои номусоиди рӯзҳои ахир ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудаанд. Ин бемории онҳо ба атрофиён хатар надошта, аз як кас ба каси дигар намегузарад”, – гуфт вазир.

Ӯ аз рӯзноманигорон дархост намуд, ки “бо хабарҳои беасос мардум ва меҳмонони кишварро ба ташвишу таҳлука наандозанд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.