Озода Раҳмон ба оилаи панҷгоникҳо кумак кард

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ба оилае, ки чанде пеш дар он панҷгоникҳо таваллуд шуданд, бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор кумак кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддин Садриддинзода. “Ҳафтаи гузашта намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент маоши моҳонаи Озода Раҳмонро ба ин оила супурда, инчунин хонаи наверо, ки ҳукумати ноҳия барои онҳо […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон ба оилае, ки чанде пеш дар он панҷгоникҳо таваллуд шуданд, бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор кумак кард, хабар дод ба “Азия-Плюс” раиси ноҳияи Қубодиён Бадриддин Садриддинзода.

“Ҳафтаи гузашта намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент маоши моҳонаи Озода Раҳмонро ба ин оила супурда, инчунин хонаи наверо, ки ҳукумати ноҳия барои онҳо сохт, аз назар гузарониданд, – гуфт ӯ. – Онҳо ин оиларо бо кондитсионер, яхдон, катҳо барои кӯдакон ва ба сурати умум, бо ҳамаи чизҳои зарурии рӯзгор барои оила таъмин намуданд”.

Ба қавли Садриддинзода, ҳукумати маҳаллӣ худаш ният дошт, ки ин оиларо бо ҳам чизҳои зарурии рӯзгор таъмин кунад, “лекин Озода Раҳмон ин корро аз мо пештар кард”.

“Ин гувоҳи он аст, ки худи президенти кишвар ба ин оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад”, – иброз дошт раиси ноҳия.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи декабри соли 2020 дар оилаи сокини 30-солаи деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён панҷгоникҳо ба дунё омаданд. Онҳоро Ҳасану Ҳусейн, Фотимаву Зуҳро ва Хадича ном гузоштанд.

Пас аз таваллуди тифлон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати ин оила рафта, бо шароити зиндагиашон шинос шуд ва ба раҳбарияти ноҳия дастур дод, ки барои онҳо хонаи нав созанд.

Айни замон сохтмони хонаи нав қариб ба охир расида истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.