КҲФ аз шиддати навбатии офатҳои табиӣ ҳушдор медиҳад

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании  Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки тибқи маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 26-27 май дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот, КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ ба соҳили дарёҳо, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин рафтан ба чорвочаронӣ ба соҳили махзанҳои об низ дар ин гуна рӯзҳои пурбориш маслиҳат нест.

Ба сокинон тавсия дода мешавад, ки аз фурсатҳои мусоид истифода намоянд ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна селовардҳо тоза намоянд, то об ба ҳавливу майдонҳои кишти онҳо ворид нашавад.

Дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ё рух додани ягон ҳодиисаи нохуш шаҳрвандон метавонанд ба телефони 112 ё навбатдори фаврии Кумита: 93 880 28 19; 223-13-11 муроҷиат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари офатҳои табиӣ, ки 11 май дар қаламрави ҷумҳурӣ рух доданд, 9 нафар ҳалок шуда, ҳадди ақалл дар 15 ноҳияи вилояти Хатлон ба манзили сокинон, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт, иншооти ёридиҳанда ва роҳу пулҳо зарари хеле зиёд расонида шуд.

Бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки нимаи аввали моҳи май рух доданд, зиндагии муқаррарии зиёда аз 14,5 ҳазор нафар халалдор шуда, имрӯз онҳо ба кумаки равонӣ ниёз доранд. Дар натиҷаи офат 128 хона пурра тахриб (вайрон) шуда, ба 400 манзил осеби назаррас расонида шуд. Дар ин бора дар таҳқиқоти муштараки ҳукумати Тоҷикистон ва муассисаҳои марбутаи СММ маълумот дода мешавад.

Зикр мешавад, ки ин ҳоло натиҷаи ниҳоӣ набуда, арзёбии зарар аз ҷониби ҳукумат идома дорад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни суҳбати телефонӣ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ӯ дастур дод, ки баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҷуйӣ кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...