Бо барканории Абдумавлон Абдуллозода шумораи раҳбарони ниҳодҳои тандурустии вилояти Суғд, ки дар давраи ҳамагирии COVID 19 “бо хоҳиши худ” аз мансаб дур шуданд, ҳадди ақал ба 10 нафар расид.
Аксари ин барканориҳо дар замоне иттифоқ афтод, ки дар бахшҳои зери раҳбарии онҳо сару садоҳо ва хабарҳое дар бораи вахим шудани вазъи беҳдоштӣ нашр мешуд. Вазорати тандурустӣ ҳеч гоҳ ҳозир нашуд далели аслии барканоршавии ин раҳбаронро шарҳ диҳад ва ҳамеша бо пеш оварди "бо хоҳиши худашон" иктифо мекунад.
Ҳарчанд ҳеч кадоме аз онҳо барканорияшро ба ҳаводиси тағйирёфтаи бахшҳои зери раҳбарияшон рабт надоданд, вале бархе аз онҳо дар мавриди барканорияшон бо ишора ба мақомҳои болоӣ гуфтанд, ки “ин корашон хуб набуд”.
Аsia-Plus дар ин матлаб бархе аз барканориҳои пур сару садоро бар пайи расонаӣ шудани хабарҳо, гирдоварӣ кард.
Баъди таъйиди як маркази ташхисиву инкори вазири тандурустӣ
ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдумавлон Абдуллозода
Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд ҳамаги баъди панҷ рӯз баъди расонаӣ шудани овозаҳои бистарӣ шудани чаҳор нафар дар робита ба бемории ҳамагир ва 15 каси дигар бо илтиҳоби шуш дар Бемористони сироятии шаҳри Хуҷанд аз мақом барканор шуд. Ӯ ҳамагӣ 8 моҳ дар ин мақом кор кард ва дар замони оғози кораш низ вазъи эпидемиологӣ дар Суғд вахим буд.
Дар расонаҳо сару садоҳое бархост, ки Абдумавлон Абдуллозода дар пасманзари хабарҳои ахири тағйири вазъи беҳдоштӣ дар Хуҷанд барканор шуд. Ҳарчанд то кунун Вазорати тандурустии Тоҷикистон сабаби барканории ӯро расман шарҳ надодааст.
Абдумавлон Абдуллозода, 26-уми май ба “Азия-Плюс” гуфт он шабу рузҳо бо расонаҳо бобати вазъи эпидемиологӣ суҳбат кард. Аммо ӯ мегӯяд, барканорияш ба овозаҳои ҳафтаҳои ахир рабт надорад ва ҳоло барои кор дар яке аз шуъбаи Маркази мубориза ба бемориҳои сили вилояти Суғд омодагӣ мебинад.
«Ман худам чанд вақт пештар аризаи аз кор рафтамро навишта будам. Ҳоло барои кор дар ҷойи дигар омодагӣ мебинам. Овозаҳои рӯзҳои охир, ки гӯё сабаби аз кор рафтани ман шуд, ягон асос надорад”.
Ҳоло Таҳмина Усмонова, сардори Маркази беҳдоштии шаҳри Хуҷанд ба ҷойи Абдуллозода дар ин мақоми вилоятӣ таъин шудааст.
Маҷнун Орипов ва Умед Нуруллозода
То замони ба мақоми сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд омадани Абдумавлон Абдуллозода, ин вазифа дар ихтиёри Маҷнун Орипов буд, ки ҳоло муовини сардори ин ниҳод аст.
Ӯро низ, ҳамагӣ баъди як моҳи кор дар мақоми сардори Маркази беҳдоштии вилоят, моҳи августи соли 2020 ва он шабу рӯзи авҷи сироятёбӣ ба коронасирус барканор карданд.
Пеш аз Орипов дар мақоми сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд Умед Нуруллозода буд, ки ӯро низ бо сабабҳои барои расонаҳо номаълум дар соли 2020, дар замони авҷи ин бемории ҳамагир барканор карданд.
Дар ҳоле давоми як соли аз нигоҳи эпидемиологӣ душвор, дар ин ниҳод чаҳор раҳбарро барканор карданд, ки масъулияти асосии пешгирӣ ва мубориза ба бемории КОВИД-ро маҳз ҳамин ниҳод ба дӯш дорад.
Собиров: “қаҳрамондухтур”-е, ки дастури рухсат додани гирифторони коронавирусро рад кард
Собирҷон Собиров, сардухтури пешини Бемористони вилоятии Суғд дар авҷи тарсу ҳамҳамаи коронавирус ба қаҳармони мардум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ табдил шуд.
Ӯ моҳи майи соли 2020 пас аз он аз мақомаш барканор шуд, ки дастури раҳбарони соҳаи тандурустиро барои пеш аз омадани комисияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рухсат додани беморони бистаришудаи машкук ба коронавирус, рад кард.
Тоҷикистон дар моҳи апрели соли гузашта, бо вуҷуди нашри хабарҳои зиёди расонаҳо аз эҳтимол ба бемории коронавирус гирифтор ва бистарӣ шудани нафарони бешумор, ҳамоно рад мекард, ки дар кишвар коронавирус раман сабти ном нашудааст. Ҳарчанд он шабу рӯз хабари фавтҳо низ аз ин беморӣ аз ҳар гӯшае аз кишвар мерасид. Саранҷом Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълом кард, ки барои санҷидани вазъи беҳдоштӣ ва дақиқ кардани ҳақиқати ҳоли Тоҷикистон гуруҳи вижае мефиристад.
Бар пайи омадани намояндаҳои ин гуруҳи СҶТ, хабарҳое нашр шуд, ки мақомот аз ӯ хзостанд беморонро ба хонаҳояшон рухсат кунанд, вале Собирҷон Собиров ин дастурро рад мекунад. Саранҷом 30-юми апрел Тоҷикистон дар пешопеши омадани ин гуруҳи вижа эътироф кард, ки дар Тоҷикистон коронаврус вуҷуд дорад. То ин вақт мақомоти тандурустӣ беморони бистаришударо гирифтори илтиҳоби шуши дутарафа мегуфтанд.
Баъди ҳамагӣ ду рӯз Собиров барканор шуд, ҳамкорон ӯ мегуфтанд, ки роҳбарашон ба дастури мақомот ҷавоби рад дод ва сабукдӯш шуд. Аммо худи Собирҷон Собиров рӯзи 4-уми май дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфта буд, “бо хоҳиши худ” ариза навишту аз кор рафт.
Ин шаҳомати ахлоқие, ки Собирҷон Собиров аз худ он замон нишон дод, ӯро ба қаҳрамони навиштаву постҳои фейсбукиву ташаккурномаҳои мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил дода буд.
Баъдан дар охири моҳи ноябри соли гузашта хабари сардухтури Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд таъин кардани ӯро расонаҳо нашр карданд.
Имомназаров: “ин корашон хуб набуд” ва роҳбари 3 КАТС-и дигари вилоят
Нимаи моҳи октябри соли 2020 Шуҳрат Имомназаров, роҳбари Муассисаи кӯмаки аввали тиббӣ-санитарӣ (КАТС)-и ноҳияи Ашт, дар замони ташвишовар шудани вазъи бемории коронаврус дар ин ноҳия аз сӯйи Вазири тандурустии Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд.
Мақомоти ноҳияи Ашт он замон гуфта буд, то 6-уми октябри соли 2020 дар ноҳия 150 нафар бо нишонаҳои бемории илтиҳоби шуш ва короновирус бистарӣ шуданд, ки аксари фавтидагону сироятёфтагон аз шаҳраки Шайдон ва ҷамоати Понғоз мебошанд. Шуҳрат Имомназаров дар замони мубориза бо КОВИД-19 кори 9 маркази саломатии ҷамоату шаҳрак дар Аштро назорат мекард ва ҳамарӯза ҳисоботи вазъи саломатии беморонро ба мақомот пешниҳод мекард.
Дар ноҳия сарусадоҳо бархоста буд, ки сабабҳои барканории роҳбари КАТС он аст, ки ӯ саривақт беморони дучори КОВИД-19-ро дар беморхонаҳо бистарӣ накардааст. Ин пизишк низ он замон ба “Азия-Плюс” сабаби барканорияшро ошкор накард, танҳо чунин гуфта буд.
“Кор бе камбудӣ намешавад, агар ман гӯям, ки не, камбудӣ надорам, баъд камбудиҳои дигар рӯйи об мебаромад. Аммо ин корашон хуб набуд”.
Дар он шабу рӯзи моҳи октябр ва замони барканонии Имомназаров, роҳбарони муассисаи КАТС-и шаҳри Гулистон Гулшан Мадаминова низ аз вазифа барканор шуд. Инчунин дар соли барои аҳолӣ аз ҷиҳаи эпидемилологӣ душвор ва хурӯҷи бемории коронавирус роҳбарони КАТС дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан ва Конибодом низ аз мақомҳояшон сабукдӯш шуданд.
Он замон Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд ба расонаҳо гуфта буд сабаби барканории ин чаҳор роҳбари КАТС дуруст ба роҳ намондани иҷрои Дастурамали муваққатии Вазорати тандурустӣ “Дар бораи тавсияҳои пешгирӣ, муоина, назорат ва табобати бемории сироятии КОВИД-19” мебошад.
Вазорати тандурустӣ вуҷуди ҳама гунаи мавридҳои гирифторшавӣ ба коронавирусро аз оғози соли 2021 дар кишвар қотеъона рад мекунад. Ҳарчанд дар кишваҳои ҳамсояи Тоҷикистон суҳбатҳо аз хуруҷи мавҷи дувуму сеюми ин бемории ҳамагир аст.
Барканории раҳбарони ниҳодҳои тандурустии вилояти Суғд “бо хоҳиши худ” дар расонаҳо ба он далел пурсару садо шуд, ки вазъи беҳдоштӣ ва гирифторшавӣ дар ин вилоят нисбат ба манотиқи дигари Тоҷикистон бисёр вахим арзёбӣ мешуд ва ба иттилои ҳанӯз расман эътирофнашуда аввали қурбонии коронавирус дар кишвар аз вилоят буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


