Сафорати ҶТ: ба ҳалли масъалаи зану кӯдаки 6-солаи бандмонда дар фурудгоҳи Ӯш машғулем

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон изҳор медорад, ки аз ин масъала огоҳ аст ва ҷиҳати ҳалли мушкили зани бандмонда дар Ӯш тадбирҳо меандешад.

“Оид ба ҳалли масъалаи мазкур бо мақомоти дахлдори Қирғизистон дар тамос буда, дар ин самт корҳо ҷараён доранд ва умедворем, ки дар фурсати наздик онро ҳал мекунем”, – илова кардаанд дар сафорат.

Қаблан Радиои Озодӣ хабар дод, ки Маргарита Расулова, шаҳрванди Тоҷикистон бо набераи 6-солааш дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон дармондааст. Гуфта мешавад ӯ рӯзи сеюм аст, ки дар ин фурудгоҳ банд мондааст.

Ин зан, ки бо наберааш рӯзи 25-уми май аз Сургути Русия ба Қирғизистон парвоз кардааст, бояд баъдан мебоист аз он ҷо бо роҳи заминӣ ба Тоҷикистон меомад, вале марзбонони қирғиз ба ӯ иҷозаи аз фурудгоҳ берун шуданро надодаанд.

"Ба мо гуфтанд, ки ба ҳама иҷозат ҳаст, билет фурӯхтанд, санади бозгашт ба ватан доданд, ки амалан мо дигар ҳеҷ ҳуҷҷате надорем. Дар хазинаи чиптахарӣ пурсидем, ки чӣ хел ба Тоҷикистон равем, гуфтанд, ба воситаи Уш. Мо 25-уми май омадем ва дар хати сурх дармондем. Ба мо ҳатто об намедиҳанд. Мо хоҳиш кардем, ки иҷоза диҳанд, нон харем, вале иҷоза надоданд. Боварам намеояд, ки як зану кӯдакро иҷозаи сафар ба ватанашон надиҳанд. Се рӯз боз азоб мекашем.",–гуфтааст Маргарита Расулова.

Алия Қурбонова, сухангӯи фурудгоҳи "Манас" банд мондани як зану кӯдак аз Тоҷикистон дар фурудгоҳи Ӯшро тасдиқ карда, вале гуфтааст, онҳо аз ҷониби ширкате, ки онҳоро овардааст, бо маводи ғизоӣ таъмин мешаванд.

Сарҳад баста аст

Рӯзи 25-уми май раиси Девони вазирони Қирғизистон, Улуғбек Марипов дар мулоқот бо сокинони деҳаи марзии Чон Алайи вилояти Ӯш дар бораи комилан қатъ шудани равуои марзӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон то ҳалли комилаи масъалаҳои сарҳадӣ, хабар дода буд.

Тибқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон аз 21 май равуои марзӣ барои Тоҷикистон тавассути қаламрави  Қирғизистон маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ шудааст.

Хабаргузории қирғизии АКИпресс бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дода буд, ки убуру мурури  воситаҳои нақлиёт ба Тоҷикистон аз  гузаргоҳҳои "Кулунду”, "Қайрағач”, "Қизил-Бел”, "Бордебо” ва "Қарамиқ", ки дар қисмати марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҷойгир аст, маҳдуд шудааст.

Ин маҳдудият ба намояндагиҳои дипломатии Қирғизистону Тоҷикистон ва аъзои хонаводаи онҳо, кормандони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва аъзои хонаводаашон, ҳамчунин ба шахсони мансабдори Қирғизистону Тоҷикистон, ки пешакӣ бо таъйиди мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қирғизистон сафар мекунанд.

Ҳамзамон дар ин қарор гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ҳастанд метавонанд ба ҳудуди кишвари якдигар баргарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба тасмими ҷониби Қирғизистон дар мавриди комилан қатъ кардани равуои марзӣ, аз шаҳрвандони кишвар хост, ки аз ҳама намуди сафар ба ин кишвар ва ё убури тронзитӣ ба кишварҳои дигар тавассути қаламрави ин кишвар, даст кашанд.

"Аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, изҳори хоҳиш мегардад, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд",-омадааст дар ҳушдори ин вазорат.

 Бояд гуфт, ки бар асоси қарори Девони вазирони Қирғизистон аз 21-уми май ин кишвар то поёни ҳалли ҳама гуна баҳсҳои марзӣ рафуои марзиро бо Тоҷикистон комилан қатъ кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин " қарори Девони  Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон №12-р аз 21 майи соли 2021, бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд".

Вазорат ба шаҳрвандон гуфтааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони мо дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон, шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек аз рӯи хатти алоқаи доимии рақамҳои +996500442211 ва +996312511637 муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...