Чаро набояд баллони газро дар хона нигоҳ дошт? Далелҳои шарҳи коршиносӣ

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Истифодаи баллонҳои газӣ бо гази моеъ дар манзилу корхонаҳо, бемористон ва дигар биноҳои Тоҷикистон қатъиян манъ аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикитсон Шуҳратҷон Тағоймуродзода хабар дод, дар робита ба таркишҳои ахир дар пойтахт кормандони хадамот ба хотири таъмини бехатарӣ дар хонаҳои баландошёнаи истиқоматии пойтахт санҷиш мегузаронанд ва натанҳо санҷиши истифодаи баллонҳои газӣ.

Ба гуфтаи ӯ, истифодаи баллонҳои газӣ танҳо дар ҳавои кушод ҳангоми истироҳат пешбинӣ шудааст, лекин ба ҳеҷ ваҷҳ на дар манзилҳои баландошёна.

Дар сурати риоя нашудани меъёр ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бо истифода аз баллони газ ҷаримаи маъмурӣ пешбинӣ шудааст (як нишондиҳанда барои ҳисоб – 60 сомонӣ):

– ба шахсони воқеӣ – дар ҳаҷми аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 180 то 300 сомонӣ);

– ба шахсони мансабдор – аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 900 то 1 ҳазору 200 сомонӣ);

– ба шахсони ҳуқуқӣ – аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 2 ҳазору 400 то 3 ҳазор сомонӣ).

Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 5 то 7, ба шахсони мансабдор – аз 30 то 40 ва ба шахсони ҳуқуқӣ – аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Дар сурате, ки агар шумо шоҳиди он шуда бошед, ки чӣ гуна ҳамсояатон ё дигар шаҳрванд меъёр ва қоидаҳои бехатарии зиддисӯхторро риоя намекунад, аз ҷумла дар хонааш аз баллони газӣ истифода мебарад, дар ин бора ба телефони боварии Хадамоти оташнишонии ВКД хабар дода метавонед: 221 – 15 -17; 221 – 47-16 ё бо рақами кӯтоҳи 01.

Қоидаҳои одиро дар хотир дошта бошед

Барои аксарияти сокинони шаҳри Душанбе истифодаи баллони газӣ дар рӯзгор бисёр вақт натанҳо сарфакорӣ, балки дар ҳолати набудани барқ, як роҳи баромадан аз мушкилист. Ва агар дар хонаҳои баландошёна истифодаи онҳо қатъиян манъ бошад, пас дар хонаҳои шахсӣ ва кӯчаҳо аз он метавон истифода бурд.

Чанд қоидаҳои одии истифодаи баллонҳои газиро бароятон хотиррасон мекунем, ки эмин мондани шумо ва наздикатон аз фоҷеа кумак мекунанд:

– истифодаи танҳо баллонҳои газии нав ё аз санҷиш гузашта (баллонҳоро дар 2 сол 1 маротиба санҷидан зарур аст);

– Пур кардани баллонҳо танҳо дар нуқтаҳои махсус, ки барои пур кардани онҳо пешбинӣ шудаанду бо дастгоҳи вазнсанҷӣ, тарозуҳои назоратии таъминкунандаи дақиқи меъёри санҷиш, баллон (зарф) барои гирифтани газ аз баллонҳои барзиёд пуршуда;

– дар хона нигоҳ надоштани баллонҳо, бахусус назди дастгоҳҳои гармидиҳанда ё оташи кушод, инчунин набояд фаромӯш кард, ки баллонҳои газро ба хонаҳое, ки дар онҳо ҳарорат нисбат ба тана (корпус)-и баллон баландтар аст, даровардан лозим нест, зеро ин ба таркиш боис шуда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...