Лоиҳаи “Дом”: Соҳибхонаҳоро барои зиндагӣ дар хонаи худашон ба додгоҳ мекашанд

Сокинони хонаи воқеъ бо суроғаи кӯчаи Суҳроб, 7-и шаҳри Душанберо танҳо барои дар манзили худашон зиндагӣ кардан ба додгоҳ мекашанд. Ин чунин маънидод мешавад, ки онҳо ба сохтмон халал мерасонидаанд. Ширкати бинокор ҳатто талаб дорад, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва барои ба ин ҷо овардани техника иҷоза дода шавад, ки биноро аз ҳисоби худи онҳо […]

Asia-Plus

Сокинони хонаи воқеъ бо суроғаи кӯчаи Суҳроб, 7-и шаҳри Душанберо танҳо барои дар манзили худашон зиндагӣ кардан ба додгоҳ мекашанд. Ин чунин маънидод мешавад, ки онҳо ба сохтмон халал мерасонидаанд. Ширкати бинокор ҳатто талаб дорад, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва барои ба ин ҷо овардани техника иҷоза дода шавад, ки биноро аз ҳисоби худи онҳо тахриб мекунад.

“Мо дар ин хона таваллуд шудаем, аллакай насли сеюми хонаводаи мо дар ин кӯча зиндагӣ мекунад. Ҳозир кадом шахсоне омада, як сол зиёдтар инҷониб оромии моро халалдор месозанд, бидуни риояи ҳама гуна қоидаҳои бехатарӣ бино месозанд”, – мегӯяд Нигора Ҷабборова.

Сокинони кӯчаи Суҳроб 7 дархост доранд, ки техникаи бехатарӣ риоя шавад ва дар баробари ин, мудом нооромиро сабр карда, барои ҳуқуқҳои худ талош меварзанд.

Вазъияти мушкили ин сокинони Душанберо дар гузориши нави лоиҳаи “Дом” (Манзил) тамошо кунед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.