Ҳафтаномаи “Asia-Plus” дар шумораи тозаи худ (№21 (1506) 3 июни соли 2021, дар матлабе ба риоя нашудани тавофуқи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон пардохтааст
Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки баъди муноқишаи марзии 28-29 апрели соли равон раисони кумитаҳои амнияти ду кишвар Саймумин Ятимов ва Камчибек Тошиев дар бахшҳои мухталиф протокол ба имзо расониданд. Муҳлати амали чанд банди протокол 1 июни соли 2021 муқаррар шуда буд. Вале ин рӯз аллакай омад, аммо ҷонибҳо дар мавриди иҷро шудан ё нашудани бандҳои протокол суҳбат намекунанд.
Дар матлаб қайд мешавад, ки ҷонибҳо бояд то 17 май тарҳи роҳи мустақил ба ҷамоати Ворухро баррасӣ ва тасдиқ мекарданд, аммо ҷониби Қирғизистон, аниқтараш муовини вазири нақлиёти ҳамсоякишвар бо ҳар баҳона ба баррасии тарҳи омодашуда аз ҷониби Тоҷикистон ҳозир нашуд.Ҳамчунин, гуфта мешавад, миёнаҳои моҳи май бояд тарафҳо дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон мулоқот мекарданд, вале он низ баргузор нашуд.
Дар идома нашрия бо коршинос омилҳои иҷро нашудани бандҳои шартномаро дар вақти лозим мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ҷумла коршинос мегӯяд, ки муҳлати иҷрои бандҳои протокол ғайривоқеӣ аст, чунки масъалаҳое, ки даҳсолаҳо ҳал карда намешуд, дар муҳлати кӯтоҳ ҳал намуданаш ғайриимкон аст.
Муҳимтар аз ҳама: набояд роҳҳои ҳалли ғайривоқеиро пешниҳод намуд, ки ҷонибҳоро ба бунбаст барад. Дар ин вазъ чунин масъалаҳо ҳеҷ гоҳ ҳалли худро намеёбанд. Эҳтимол, ҷониби Қирғизистон ба чунин роҳ манфиатдор аст, барои онҳо муфид аст, ки делимитатсия ва демаркатсия муддати тӯлонӣ идома меёбад. Азбаски аксари минтақаҳои баҳснокро айни замон қирғизҳо истифода мебаранд, пас аз 10-15 сол исботи баҳси онҳо душвор хоҳад буд, – мегӯяд коршинос.
“Asia-Plus” ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки боду ҳавои ғализи Душанбе аз бемории коронавирус ҳам хатарноктар аст ва моҳи майи соли равон Душанбе дар байни пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи ғализии ҳаво мақоми авалро дошт.
Дар “Asia-Plus” ҳамчунин, метавон матлабҳои “Голас народа услышали…, “Заменит ли узбекская продукция китайскую на таджикском рынке?” ва “Какой общественый транспорт нужен Душанбе?”-ро мутолиа кард
Нигаронии "Ҷумҳурият" аз "ҷаҳиши рекордӣ"-и нархи сабзӣ
Нашрияи президенти Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар шумораи (№109 (24216) 2 июни соли 2021) аз нархи сабзӣ дар бозорҳои кишвар нигаронӣ намуда, нархи онро “ҷаҳиши рекордӣ” хондааст. Мавод таҳти унвони “Сабзӣ. Ҷаҳиши рекордии нархи он дар бозор” унвон гирифта, бо истифода аз роҳбарони бозорҳои кишвар ва коршиносону деҳқонон омилҳои аслии афзоиши нархи сабзавот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки “ба таври бесобиқа гарон шудани арзиши сабзӣ дар кишвари аграрии мо, ки дар заминҳояш имкони рӯёнидани ҳосили фаровон аст, касро ба тааҷҷуб меорад”.
Дар саҳифаи 2 нашрия бошад, омили асосии гаронии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд самаранок фаъолият накардани гармхонаҳо арзёбӣ шудааст.
Мусоҳибаи муовини Эмомалӣ Раҳмон
Нашрияи ҳизби ҳокими Халқии демкоратӣ “Минбари халқ” дар шумораи инҳафтаинаи худ мусоҳибаи муфассали муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизиро нашр кардааст. Ин мусоҳиба, ки дар се саҳифаи ин нашрия ҷо шудааст, бештар дар бораи нақши ин ҳизб дар пешрафти ҷомеа, ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ сухан меравад.
Аз ҷумла Абдуҷаббор Азизӣ “афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, кибертерроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, хурофоту ҷаҳолат ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа”,-ро таҳдиде ба истиқлоли Тоҷикистон арзёбӣ намудааст.
Дар “Минбари халқ” ҳамчунин метавон тафсилоти як сафари кутоҳи сармуҳаррири ҳафтанома Бахтиёр Ҳамдамро ҳамроҳи аҳли зиё ба Ворух мутолиа намуд. Дар мавод мушоҳидаи журналист ва нақл аз шоҳидон вобаста ба ҳаводиси ахир рӯйи коғаз омадаст.
Дар саҳифаи 5 нашрия мақолаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Р. Раҳимзода таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таъмини амнияти ҷомеа” ба нашр расидааст. Бояд гуфт, ки ҳамин мавод дар чанд нашрияи дигар, аз ҷумла ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ нашр шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


