Роҳбари ВКД Тоҷикистон бо имконоти полиси Эрон шинос шуд

Asia-Plus

Дар доираи сафари корӣ ба Эрон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода рӯзи 2 июн дар шаҳри Теҳрон бо сардори Маркази полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак пешниҳод гардид, ки Намояндагии полиси Эрон дар Тоҷикистон ва Намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Эрон боз карда шавад.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин самтҳои фаъолияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкориҳо дар доираи Бюрои марказии миллии «Интерпол» ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ Рамазон Раҳимзода аз фаъолияти Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон шиносоӣ пайдо намуда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ боздид ба амал овард.

Зикр мегардад, ки  Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон дар самти роҳандозии амалиётҳои махсус, пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти хизматии худро пеш мебаранд.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз машқҳои тактикии Нерӯҳои вижа бо нишон додани фаъолияти ин ниҳод, ки дар сатҳи баланд доир гардиданд, ошноӣ пайдо намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.