Роҳбари ВКД Тоҷикистон бо имконоти полиси Эрон шинос шуд

Дар доираи сафари корӣ ба Эрон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода рӯзи 2 июн дар шаҳри Теҳрон бо сардори Маркази полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ вобаста ба тақвият […]

Дар доираи сафари корӣ ба Эрон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода рӯзи 2 июн дар шаҳри Теҳрон бо сардори Маркази полиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сардор Ҳусейн Аштарӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон дар ин вохӯрӣ вобаста ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак пешниҳод гардид, ки Намояндагии полиси Эрон дар Тоҷикистон ва Намояндагии ВКД Тоҷикистон дар Эрон боз карда шавад.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин самтҳои фаъолияти ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ, кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, ҳамкориҳо дар доираи Бюрои марказии миллии «Интерпол» ва ташхиси криминалистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар ҷараёни сафари корӣ Рамазон Раҳимзода аз фаъолияти Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон шиносоӣ пайдо намуда, аз Намоишгоҳи техникаю таҷҳизоти ҳарбии ин ниҳод, аз қабили яроқу аслиҳа ва техникаҳои вазнини ҷангӣ боздид ба амал овард.

Зикр мегардад, ки  Нерӯҳои вижаи интизомии Эрон дар самти роҳандозии амалиётҳои махсус, пешгирии бетартибиҳои оммавӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти хизматии худро пеш мебаранд.

Ҳамчунин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз машқҳои тактикии Нерӯҳои вижа бо нишон додани фаъолияти ин ниҳод, ки дар сатҳи баланд доир гардиданд, ошноӣ пайдо намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.