Қазоқистон шарҳ дод, ки чӣ чизе ба ивази об ба Тоҷикистон медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қазоқистон ба Тоҷикистон ба ивази оби полезӣ барои кишти шолӣ техника ва маводи сӯзишвориву молиданӣ медиҳад, хабар додааст ба рӯзноманигорон муовини вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Серик Кожаниёзов.

Зарурати чунин муомилотро намояндаи вазорат камуди оби полезӣ дар мавсими кишти шолӣ дар вилояти Қизилорда маънидод кардааст.

“Камбуди обро дар Сирдарё натанҳо Қазоқистон, балки Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам “мушоҳида карданд”, – гуфтааст Кожаниёзов.

Ба гуфтаи ӯ, ин мушкилот дар сатҳи давлатӣ ҳал шуда, ҳукуматҳо созишнома ва барномаҳои байниҳукуматӣ таҳия мекунанд.

Кожаниёзов зикр кардааст, ки яке аз чунин тадбирҳо мубодилаи мол бо кишварҳои ҳамсоя мебошад.

“Ба ин тариқ, ба ивази 370 млн метри мукааб Қирғизистон 370 млн кВт/соат ва Ӯзбекистон – 250 млн кВт/соат неруи барқ мегиранд, – илова кардааст ӯ. –  Ба Тоҷикистон техника ва маводи сӯзишворӣ дода, имкон пайдо мекунем, ки аз поёноби Сирдарё иловагӣ 300-400 млн метри мукааб об гирем”.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ин Вазорати Қазоқистон дар бора обгирии иловагии оби полезӣ аз Тоҷикистон хабар дода буд.

Зикр шуда буд, ки байни Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи моҳҳои июн-август аз обанбори “Баҳри тоҷик” (обанбори Қайроққум) 315 миллион метри мукааб оби полезии иловагӣ ба Қазоқистон додан тавофуқ ҳосил шудааст.

“Қазоқистон дар ивази оби полезӣ ба Тоҷикистон дар сурати паёмадҳои манфии камобӣ иловатан ба обанбори “Баҳри тоҷик” кӯмаки моддиву фаннӣ мекунад”, – шарҳ додааст ин масъаларо вазири экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев.

Аз соли 2015 ҳаҷми (лимити) обгирии Тоҷикистон аз Сирдарё дар мавсими обёрӣ (моҳҳои апрел-сентябр) 1 млрд 910 млн метри мукааб муқаррар мешавад.

Аммо дар амал ҷумҳурӣ ҳамасола ҳиссаи худро пурра намегирад. Ба ин тариқ, дар давраи баҳору тобистони соли 2020 Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри мукааб об гирифт, ки 460 млн метри мукааб ё худ 24% камтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ба ҳамин монанд муроҷиати Ӯзбекистонро тобистони соли гузашта Тоҷикистон қонеъ кард.

Дар натиҷа, аз ҷумла бо ҳамин сабаб низ, дар мавсими тирамоҳу зимистон камбуди шадиди захираҳои обӣ-энергетикӣ ба мушоҳида расида, интиқоли барқ ба манотиқи деҳот шадидан маҳдуд шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...