Якеро наҷот доданду ба дигаре фурсат нашуд. Маълумоти КҲФ аз обанборҳои кишвар

Date:

Рӯзи 15 июн дар қаламрави обанбори пойгоҳи обкашии “Сомғор”, ки дар он оббозӣ қтъиян манъ аст, як сокини 19-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қариб буд ғарқ шавад.

Наҷотбахшони посбони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд аз дурбин мушоҳида намуданд, ки шахсе ба қитъаи хатарнок рафта, ғарқ шуда истодааст. Онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса расида, ин шахсро аз гирдоб берун оварданд.

Ба шахси ҷабрдида кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, аз бистарӣ шудан дар бемористон ӯ даст кашид.

“Дар ҳодисаи дуюм мутаассифона, имдодгарони Кумита ҷасади аллакай беҷони сокини 22-солаи пойтахтро аз об берун кашиданд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита.

Бино ба маълумоти Кумита, дар бораи дар обанбори сунъии “Мехкарер” воқеъ дар қаламрави маҳаллаи Чимтеппаи ноҳияи Фирдавии шаҳри Душанбе ғарқ шудани як ҷавон соати 14:10 дақиқаи рӯзи 15 июн ба рақами 112 хабар расидааст.

“Ғаввосон (водолазҳо) – имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ба ҷустуҷӯ оғоз намуданд. Баъди 30 дақиқа ҷасади ҷавон дарёфт ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита.

Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, боисрор дархост мекунад, ки дар ҷойҳои барои оббозӣ манъ аз шиноварӣ худдорӣ карда, вақти назди обанборҳо қарор доштан ҳамаи қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...