Ҳукумати вилояти Маскав гуфт муҳоҷирон чӣ гуна бояд воксин бигиранд

Asia-Plus

Дар вилояти Маскави Русия агар муҳоҷирон ва хориҷиён ҳадди ақалл қайди муваққатӣ ва полиси суғуртаи тиббии ҳатмӣ дошта бошанд, онҳоро эм кардан мумкин аст, хабар додааст муовини раиси вилояти Маскав, вазири тандурустии ин вилоят Светлана Стригункова, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

“Агар муҳоҷирон қайд ё ҳадди ақалл қайди муваққатӣ ва полиси суғуртаи тиббии ҳатмӣ дошта бошанд, ваксина гирифта метавонанд… Агар полис надошта бошад, дар ин ҳолат дарвоқеъ ҳам мо ӯро эм карда наметавонем, ин талаботи федералӣ аст”, – гуфтааст Стригункова дар машварати раиси вилоят Андрей Воробёв бо ҳукумати вилояти Маскав ва раисони ҳавзаҳои шаҳрӣ.

Ҳамчунин ӯ зикр кардааст, ки айни замон Вазорати тандурустии Русия масъалаи имкони пулакӣ ваксингирии муҳоҷиронро баррасӣ мекунад.

Қаблан Воробёв қароре имзо кард, ки мувофиқи он ба тадбирҳои маҳдудияти дар қаламрави вилояти Маскав амалкунанда ҷиҳати муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус тағйирот ворид мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз 13 то 20 июн дар вилояти Маскав реҷаи ҳатмии ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷорӣ шуд. Акнун ташкилоту муассисаҳо ба роҳ додани мизоҷон ба биноҳо бидуни воситаҳои муҳофизати инфиродии узвҳои нафаскашӣ ҳуқуқ надоранд.

Ғайр аз ин, 16 июн дар бораи ваксингирии ҳатмӣ барои баъзе категорияҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонӣ қарор ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.