Ҳукумати вилояти Маскав гуфт муҳоҷирон чӣ гуна бояд воксин бигиранд

Дар вилояти Маскави Русия агар муҳоҷирон ва хориҷиён ҳадди ақалл қайди муваққатӣ ва полиси суғуртаи тиббии ҳатмӣ дошта бошанд, онҳоро эм кардан мумкин аст, хабар додааст муовини раиси вилояти Маскав, вазири тандурустии ин вилоят Светлана Стригункова, иттилоъ медиҳад РИА Новости. “Агар муҳоҷирон қайд ё ҳадди ақалл қайди муваққатӣ ва полиси суғуртаи тиббии ҳатмӣ дошта бошанд, […]

Дар вилояти Маскави Русия агар муҳоҷирон ва хориҷиён ҳадди ақалл қайди муваққатӣ ва полиси суғуртаи тиббии ҳатмӣ дошта бошанд, онҳоро эм кардан мумкин аст, хабар додааст муовини раиси вилояти Маскав, вазири тандурустии ин вилоят Светлана Стригункова, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

“Агар муҳоҷирон қайд ё ҳадди ақалл қайди муваққатӣ ва полиси суғуртаи тиббии ҳатмӣ дошта бошанд, ваксина гирифта метавонанд… Агар полис надошта бошад, дар ин ҳолат дарвоқеъ ҳам мо ӯро эм карда наметавонем, ин талаботи федералӣ аст”, – гуфтааст Стригункова дар машварати раиси вилоят Андрей Воробёв бо ҳукумати вилояти Маскав ва раисони ҳавзаҳои шаҳрӣ.

Ҳамчунин ӯ зикр кардааст, ки айни замон Вазорати тандурустии Русия масъалаи имкони пулакӣ ваксингирии муҳоҷиронро баррасӣ мекунад.

Қаблан Воробёв қароре имзо кард, ки мувофиқи он ба тадбирҳои маҳдудияти дар қаламрави вилояти Маскав амалкунанда ҷиҳати муқовимат ба паҳншавии сирояти коронавирус тағйирот ворид мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз 13 то 20 июн дар вилояти Маскав реҷаи ҳатмии ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷорӣ шуд. Акнун ташкилоту муассисаҳо ба роҳ додани мизоҷон ба биноҳо бидуни воситаҳои муҳофизати инфиродии узвҳои нафаскашӣ ҳуқуқ надоранд.

Ғайр аз ин, 16 июн дар бораи ваксингирии ҳатмӣ барои баъзе категорияҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонӣ қарор ба имзо расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.