Ёвари Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд

Asia-Plus

Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва директори Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Аврупо ва ИДМ хонум Миряна Сполярич Эггер рӯзҳои 20-22 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад. То ин вақт ӯ ба Ӯзбекистону Қирғизистон низ сафар хоҳад дошт.

Тавре аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, хонум Сполярич бо мансабдорони воломақоми ҳукуматми ҷумҳурӣ ва дигар шарикон ҷиҳати баррасии масоили рушди минтақавӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Барномаи рушди СММ дар пешбурди вазифаҳои маҷмӯавӣ баҳри расидан ба Ҳадафҳои Ругшди Устувор ва сабуксозии оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии таъсири COVID-19 дидору гуфтушунид мекунад.

Миряна Сполярич рӯзи 22 июн дар кори мизи гирд таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба оянда: Имконот барои соҳибкории инноватсионӣ дар Тоҷикистон” ширкат меварзад. Ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар ва Шӯрои машваратӣ оид ба беҳбуди муҳити сармоягузории назди президенти ҶТ дар ҳамдастӣ бо Барномаи рушди СММ созмон дода мешавад.

Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар чор самти афзалиятнок фаъолият намуда, ба вазъи қишри осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занону ҷавонон, шахсони маъюб ва шахсони гирифтори ВНМО (ВИЧ) таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Дар ҳамкорӣ бо ҳукумат, дигар агентиҳои СММ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрандӣ Барномаи рушди СММ дар масоили риояи ҳуқуқи инсон ва ислоҳоти бо далелҳо асосёфта кумак карда, тақвияти имконот ва фаъолияти ба рушди кишвар равонашударо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.