Ёвари Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон меояд

Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва директори Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Аврупо ва ИДМ хонум Миряна Сполярич Эггер рӯзҳои 20-22 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад. То ин вақт ӯ ба Ӯзбекистону Қирғизистон низ сафар хоҳад дошт. Тавре аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, хонум Сполярич бо мансабдорони воломақоми ҳукуматми […]

Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва директори Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Аврупо ва ИДМ хонум Миряна Сполярич Эггер рӯзҳои 20-22 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад. То ин вақт ӯ ба Ӯзбекистону Қирғизистон низ сафар хоҳад дошт.

Тавре аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хабар доданд, хонум Сполярич бо мансабдорони воломақоми ҳукуматми ҷумҳурӣ ва дигар шарикон ҷиҳати баррасии масоили рушди минтақавӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Барномаи рушди СММ дар пешбурди вазифаҳои маҷмӯавӣ баҳри расидан ба Ҳадафҳои Ругшди Устувор ва сабуксозии оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии таъсири COVID-19 дидору гуфтушунид мекунад.

Миряна Сполярич рӯзи 22 июн дар кори мизи гирд таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба оянда: Имконот барои соҳибкории инноватсионӣ дар Тоҷикистон” ширкат меварзад. Ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар ва Шӯрои машваратӣ оид ба беҳбуди муҳити сармоягузории назди президенти ҶТ дар ҳамдастӣ бо Барномаи рушди СММ созмон дода мешавад.

Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар чор самти афзалиятнок фаъолият намуда, ба вазъи қишри осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла занону ҷавонон, шахсони маъюб ва шахсони гирифтори ВНМО (ВИЧ) таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Дар ҳамкорӣ бо ҳукумат, дигар агентиҳои СММ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрандӣ Барномаи рушди СММ дар масоили риояи ҳуқуқи инсон ва ислоҳоти бо далелҳо асосёфта кумак карда, тақвияти имконот ва фаъолияти ба рушди кишвар равонашударо дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.