Медали биринҷии Моҳрӯ Ҳалимова дар Чемпионати Осиё оид ба таэквондо WTF

Чемпионати Осиё оид ба таэквондо WTF рӯзҳои 16-18 июн дар Бейрут (Лубнон) доир гардида, дар он аз 30 кишвар 186 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Дар рақобатҳои вазни то 67 кг Моҳрӯ Ҳалимова қувваозмоиро дар даври чаҳорякфиналӣ оғоз намуда, намояндаи Корея Сон Да Бинро мағлуб кард. Сипас дар даври нимфиналӣ бар намояндаи дастаи Урдун Ҷулиана Содиқ […]

Чемпионати Осиё оид ба таэквондо WTF рӯзҳои 16-18 июн дар Бейрут (Лубнон) доир гардида, дар он аз 30 кишвар 186 нафар варзишгарон ширкат варзиданд.

Дар рақобатҳои вазни то 67 кг Моҳрӯ Ҳалимова қувваозмоиро дар даври чаҳорякфиналӣ оғоз намуда, намояндаи Корея Сон Да Бинро мағлуб кард. Сипас дар даври нимфиналӣ бар намояндаи дастаи Урдун Ҷулиана Содиқ дастболо шуда, зинаи сеюмро ишғол намуд. Дар ин бора Федератсияи таэквондои ВТФ Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин мусобиқот инчунин дигар намояндагони Тоҷикистон – Шоҳрух Баротов (-58 кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80 кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74 кг), Мӯниса Ойматова (-49 кг),  Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68 кг) ва Мӯниса Исматова (-68 кг) ширкат варзида, лекин зинаҳои ҷоизавиро ба даст оварда натавонистанд.

Ғайр аз ин, ду довари сатҳи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров дар ин мусобиқа ҳакамӣ карданд.

Бино ба иттилои Федератсияи миллӣ, рӯзҳои 19-21 июн мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо WTF дар мусобиқаи байнулмилалии «Beirut Open» иштирок мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".