Бозии даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар Душанбе доир мегардад

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Душанберо ҷойи баргузории бозии даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб байни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Персеполис” (Эрон) тасдиқ намуд. Ин вохӯрӣ рӯзи сешанбе, 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, вақти оғози бозӣ баъдтар тасдиқ карда мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ. “Бозии дигари давраи 1/8 финалӣ […]

Asia-Plus

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Душанберо ҷойи баргузории бозии даври 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб байни дастаҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Персеполис” (Эрон) тасдиқ намуд.

Ин вохӯрӣ рӯзи сешанбе, 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, вақти оғози бозӣ баъдтар тасдиқ карда мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.

“Бозии дигари давраи 1/8 финалӣ байни тимҳои “Шарҷа” (АМА) ва “Ал-Ваҳда” (АМА) дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.

Бо қарори КФО ду бозии давраи 1/8 финалии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб: Истиқлол” (Эрон) – “Ал-Ҳилол” (Арабистони Саудӣ) ва “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) – “Трактор” (Эрон) бояд дар майдони бетараф (нейтралӣ) баргузор шаванд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 қаҳрамони футболи Тоҷикистон – “Истиқлол” бо касби 10 имтиёз дар гурӯҳи “А” зинаи аввалро ишғол намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.