Ҳамаи сокинони аз 18-солаи болои Душанберо воксини зидди коронавирус мезананд

Asia-Plus

Дар Душанбе ҳамаи сокинони аз 18-сола болоро алайҳи коронавирус воксин мезананд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорат мегӯяд, ки бо мақсади  пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.

"Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд  барои  гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд",-омадаат дар хабарномаи Вазорат.

Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои "Астразенека"-и бритониёӣ ва "КоронаВак"-и чинӣ гирифтааст. Баъди ворид кардани воксини чинӣ Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки дар навбати аввал сокинони аз 60-сола болоро воксин мезананд. 

Маъракаи густардаи воксинзанӣ дар Душанбе дар ҳоле оғоз мешавад, ки Тоҷикистон таъйид кард, ки аз 21-уми июн ба баъд дар кишвар хуруҷи дигарбораи коронавирус сабти ном шудааст ва то кунун дар хуруҷи дубора 63 нафар сироят ёфтаанду 11 нафари онҳо табобат шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.