Ҳамаи сокинони аз 18-солаи болои Душанберо воксини зидди коронавирус мезананд

Дар Душанбе ҳамаи сокинони аз 18-сола болоро алайҳи коронавирус воксин мезананд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад. Вазорат мегӯяд, ки бо мақсади  пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз гардид. "Шаҳрвандони аз […]

Asia-Plus

Дар Душанбе ҳамаи сокинони аз 18-сола болоро алайҳи коронавирус воксин мезананд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорат мегӯяд, ки бо мақсади  пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.

"Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд  барои  гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд",-омадаат дар хабарномаи Вазорат.

Тоҷикистон то кунун ҳудуди 492 ҳазор воя ваксинаҳои "Астразенека"-и бритониёӣ ва "КоронаВак"-и чинӣ гирифтааст. Баъди ворид кардани воксини чинӣ Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки дар навбати аввал сокинони аз 60-сола болоро воксин мезананд. 

Маъракаи густардаи воксинзанӣ дар Душанбе дар ҳоле оғоз мешавад, ки Тоҷикистон таъйид кард, ки аз 21-уми июн ба баъд дар кишвар хуруҷи дигарбораи коронавирус сабти ном шудааст ва то кунун дар хуруҷи дубора 63 нафар сироят ёфтаанду 11 нафари онҳо табобат шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.