Лоиҳаи ҷаҳонии “Мактабҳои 2030”-и Фонди Оғохон дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Asia-Plus

18-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Тоҷикистонии Оғохон барномаи лоиҳаи глобалии “Мактабҳои 2030” муаррифӣ гардид.

Дар оғоз муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Гулчеҳра Ғанизода ва  роҳбари барномаҳои Фонди Тоҷикистонии Оғохон Ҷавлон Ҳамдамов суханронӣ карданд.

Саломиён доир ба ҳамкориҳои шарикони рушд дар соҳаи маориф ва ташаббусҳои Фонди Оғохон дар Тоҷикистон, аз ҷумла, барномаи рушди барвақтии кӯдак, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои омӯзгорон дар зинаҳои таҳсилот, баланд бардоштани савияи дониши толибилмон, таъмини муассисаҳо бо маводи таълимӣ ва баланд бардоштани маълумотнокии омӯзгорону хонандагон оид ба гигиена, оби нушокӣ ва ғизои солим  андешаронӣ кард.

Роҳбари бахши маорифи Фонди Тоҷикистонии Оғохон Шералӣ Саидошуров ва мутахассиси ин бахш Садбарг Мирова барномаи рушди маорифи ФТО ва фаъолияти рушди маориф дар доираи лоиҳаи “Шукуфоии Тоҷикистон”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Барномаи лоиҳаи глобалии “Мактабҳои 2030” аз ҷониби мутахассиси бахши маорифи ФТО дар ВМКБ Фирӯза Назархудоева муаррифӣ шуд ва аз ҷониби ширкаткунандагон ҳимоят шуд.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи “Мактабҳои 2030” барои солҳои 2021-2030 дар муассисаҳои томактабӣ, ибтидоӣ ва миёна дар 10 кишвари дунё роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи лоиҳаи мазкур рушди натиҷаҳои ҳамаҷонибаи омӯзиши хонандагон, беҳтар намудани рушди сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути муайян намудани мушкилот, дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ва таҳияи лоиҳаҳо аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, дарёфти роҳҳои ҳал ва таҷрибаи беҳтарини педагогӣ ва баррасӣ намудани онҳо дар сатҳи миллию  байналмилалӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.