Оқохон хатми нахустини донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказиро дастоварди таърихии минтақа номид

Date:

Волоҳазрат Оқохон, Канслери Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар нахустин маросими хатми донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, аз таҳсил фориғ шудани донишҷӯёни ин донишгоҳро як дастоварди таърихӣ барои минтақаи осиёимарказӣ унвон кард.

“Донишҷӯёни таърихи ҷаҳон ба мо ёдоварӣ мекунанд, ки Осиёи Марказӣ чи гуна ҳазор сол қабл дар заминаи дастовардҳои фарҳангӣ ва фикрӣ пештоз буд”,- изҳор дошт Волоҳазрат Оқохон. “Ин минтақа ҷойи ба вуҷуд омадани илми тиб буда, хостгоҳи номи алҷабр аст. Ҷойест, ки қутри замин андозагирӣ ва шеърҳои баландмазмуне навишта шуданд”.

Волоҳазрат Оғохон, Канслери Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар суханронии худ ба пайвандҳои мустаҳками фаротар аз марзҳо ва зарфиятҳое, ки Донишгоҳ барои расидагӣ ба чолишҳои рушду тарақиёт эҷод кардааст, ишора кард. 

“Сабаби ба вуҷуд омадани инҳо истиқболи ҷомеаҳо аз идеяҳо, тағйир ва пазируфтани донишмандон ва мардумон аз қишрҳои гуногун мебошад. Ин навъи боз будан метавонад дарҳоро барои оянда бикушояд ва ба мо имкон медиҳад, ки ба саволҳои муҳими замон ва макони худ ҷавоб пайдо кунем”.

Ин қисмати ҷаҳон дар таърих бо масири тиҷоратии Роҳи абрешим, ки Чинро аз тариқи кӯҳҳои баланди Осиёи Марказӣ бо баҳри Миёназамин васл мекард, маъруф аст. Ин сафари фаромарзӣ ба табодули идеяҳо ва донишҳо мусоидат карда, минтақаро ба як маркази ихтироъ ва навоварӣ табдил дод. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дафтари матбуоти ДОМ

Бояд гуфт, ки нахустини маросими хатм ё маҳфили фароғати донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 19-уми июни имсол дар ҳар ду бахши Донишгоҳ дар Хоруғу шаҳри Норини Қирғизистон баргузор шуд. Ин маросим, ки ба далоили шароити беҳдоштӣ, қисмате аз он маҷозӣ сурат гирифт, донишҷӯён, аъзои хонавода, устодон ва алоқамандони зиёдеро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирди ҳам овард.

Ин маросим бо либоси вижае, ки барои ҳамин маҳфили фароғат тарроҳӣ шуда буд, таҷлил шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дафтари матбуоти ДОМ

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои кушодани дарҳо ва ҷавоб додани ин саволҳои муҳим дар як мавқеи хубе қарор дорад. Ин Донишгоҳ бар бунёди фалсафаи дастрасии озод фаъолият мекунад, ки дар он донишҷӯён танҳо аз тариқи лаёқат ва шоистагӣ пазируфта ва аксарияти онҳо аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мешаванд. Маъмулан 70%-и донишҷӯён зодагони минтақаҳои рустоӣ ва шаҳрҳои кучак буда, 50%-ашон духтарон мебошанд.

Дар маросими хатм Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар суханронии табрикотии худ изҳор дошт: “Ояндаи ҳар кишвар аз равшанфикрон ва ҷавонони таҳсилкарда вобаста аст. Танҳо ҷомеаҳои таҳсилкарда метавонанд рақобатпазир бошанд ва дар баробари мушкилот истодагарӣ кунанд”.

Кампусҳои Донишгоҳ дар раванди омода кардани шаҳрвандони бомасъулияти ҷомеаҳои кучак ва роҳбарони оянда нақши ҳаётӣ доранд. Шамш Кассим-Лакҳа, Раиси Шӯрои Парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар суханронии худ ба ин ҷомеаҳо ва зарфияти онҳо дар тағйири мусбати шаҳрҳои Норин, Хоруғ ва Текелӣ ишора кард. “Дурнамои дарозмуддати муштараки мо бо роҳбарони шаҳрҳо ин аст, ки ин ҷомеаҳо ба шаҳрҳои донишгоҳии рушдёфта табдил шаванд. Ҷойе, ки имкониятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои ҳама фароҳам шаванд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дафтари матбуоти ДОМ

Ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, профессор Суҳайл Нақвӣ дар ин маросим устувории донишҷӯёнро махсусан зикр кард, ки дар моҳҳои ахир ба сабаби бемории COVID-19 ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам эҳсосӣ мавриди озмоиш қарор гирифтанд. “Шумо пешгомон, роҳбарон ва умеди ояндаи ин минтақа мебошед”, гуфт ӯ. “Фазои зебои ин кампусҳо, корҳои фавқулодаи устодон ва дастгирии хонаводаҳоятон барои рушду пешрафти шумо равона шудааст”

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дафтари матбуоти ДОМ

Минтақаҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ дар оянда бо мушкилоти печидае ба монанди тағйирёбии иқлим, коҳиш додани фақр, рушди иқтисодӣ ва техникӣ рӯ ба рӯ мемонанд. Волоҳазрат Оқохон, Канслери Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо изҳори умед қайд кард, ки хатмкунандагон ба ҳайси сафирон ва донишомӯхтагони Донишгоҳ дар ҳалли ин мушкилот нақши махсусе хоҳанд дошт. “Ин як масъулияти хосе аст, ки ман мутмаинам шумо онро муваффақона анҷом хоҳед дод”,-гуфт ӯ. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дафтари матбуоти ДОМ

Бояд гуфт, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муассисаи омӯзишии хусусӣ, ғайритиҷоратӣ ва дунявӣ буда, аз тариқи шартномаи байналмилалӣ байни президентҳои кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон таъсис ёфтааст; аз тарафи парлумонҳои ин се кишвар ба тасвиб расида дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шудааст. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба унвони муассисаи олии омӯзишии беназир ба рушди манотиқи куҳистон тамаркуз карда, кампусҳои Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқи худро дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон ва Норини Қирғизистон бунёд кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дафтари матбуоти ДОМ

Сохтмони кампуси сеюми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Текелии Қазоқистон дар марҳилаи барномарезӣ қарор дорад. Кампусҳои Донишгоҳ аз тарафи Арата Исозакӣ, меъмори ҷоизадор тарроҳӣ шудаанд. Мактбаи олии рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз се донишкадаи тадқиқотӣ ва Мактбаи маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) иборат аст. Шурӯъ аз соли 2006 бештар аз 172 ҳазор донишомӯз курсҳои ММКД-ро хатм кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дафтари матбуоти ДОМ

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...