Имдодхоҳии як зани тоҷик барои бозгашт аз Ҳинд: баъди ҷарроҳии духтараш роҳбанд мондааст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Шаҳрванди Тоҷикистон Марзия Сангова, ки пас аз ҷарроҳӣ бо фарзандаш дар Ҳиндустон банд мондааст, ба “Азия-Плюс” муроҷиати видеоӣ фиристода, дархост намуд, ки барои баргаштан ба хона ба кумак ниёз дорад. Ӯ мегӯяд, барои дар Ҳиндустон мондан дигар маблағ надошта, боз дар Душанбе як духтари 7-солаи дигар дорад.

Марзия Сангова дар навори видео ба ҳамаи тоҷикистониён барои кумак ба ҷарроҳии духтараш изҳори миннатдорӣ намуда, хҳиш мекунад, ки акнун бори дигар барои ба ватан баргаштан кумак кунанд.

“Ду моҳ боз дар Ҳиндустонам ва бар асари қатъи алоқаи ҳавоӣ ба хона баргашта наметавонам. Хоҳиш мекунам, ки моро бо ҳавопаймоҳо (Сомон Эйр, – Эзоҳи идора)-е, ки ба Ҳиндустон меоянд, ба хонаамон баргардонед. Барои ин ҷо мондан дигар имкону маблағ надорам. Дар Душанбе боз як духтари 7-сола дорам ва аз ин рӯ, мехоҳам, ки ҳарчи зудтар ба хона баргардам. Илтимос, моро ба ватан баргардонед”, – мегӯяд ин зан.

“Дар ВКХ ва сафорат ба мо кумак накарданд”

Раҷаб Ҳалимов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дилсӯзӣ”, ки Марзия ва духтараш Оминаро барои ҷарроҳӣ ба Ҳиндустон фиристод, ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо аллакай чандин бор ба Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и ҷумҳурӣ ва сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон муроҷиат намуда, лекин то ҳол ягон посухи мушаххас нагирифтаанд.

“Духтарча муваффақона ҷарроҳӣ шуд, лекин ҳозир онҳо баргашта наметавонанд, чунки бо Ҳиндустон алоқаи ҳавоӣ нест. Ҳавопаймоҳои мо ҳозир донишҷӯёнеро, ки пас аз супурдани имтиҳонҳо ба хонаҳояшон, ба Ҳиндустон бармегарданд, аз Душанбе бароварда истодаанд. Аз Ҳиндустон бошад, мусофир намегиранд. Иҷрои 10 парвоз ба нақша гирифта шуда, 6-7 парвоз аллакай анҷом дода шудааст”, – иброз дошт Ҳалимов.

Ба гуфтаи ӯ, муроҷиат ба ВАО умеди охирини онҳост, зеро дар дигар вазорату идораҳо ба ин мушкили онҳо расидагӣ нашуд.

“Ба занги ман аз ВКХ посух доданд, ки ин масъала ҳал шуда истодааст. Ба сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҳам муроҷиат кардам, онҳо гуфтанд, ки “аз ҷониби мо ҳеҷ мушкиле нест". Боз ба сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон муроҷиат кардам, он ҷо гуфтанд, ки онҳо ин масъаларо ҳал намекунанд”, – шарҳ дод роҳбари ташкилоти “Дилсӯзӣ”.

Дар ҳамин ҳол, дар сафорати Тоҷикистон дар Ҳиндустон ба ӯ гуфтаанд, ки барои ба хона баргардонидани 60 нафар шаҳрвандон, ки аз Ҳиндустон ба ватан баргаштанианд, маъқулшумории ин масъаларо аз ҷониби ВКХ интизоранд.

“Дар сафорат гуфтанд: “Интизорем ва ҳар рӯз дархост медиҳем. Ба ҷуз ин кӯдак, ин ҷо беморону низомиён, донишҷӯён ва ба сурати умум 60 нафар ҳастанд. Агар иҷоза диҳанд, ҳамаашонро бо як ҳавопаймо ба ватан бармегардонем”, – гуфт ӯ.

Дар ташкилоти “Дилсӯзӣ” ҳамчунин талош варзидаанд, ки тариқи Тошканд билет дарёбанд, зеро чун Дубай аз Ҳиндустон парвоз қабул намекунад, ҳамаи шаҳрвандони Амороти Муттаҳидаи Араб, ки дар Ҳиндустон қарор доранд, тариқи Тошканд парвоз мекунанд. Дар он ҷо ҳам билет наёфтаанд.

“Намефаҳмам, чаро бо парвозҳое, ки донишҷӯёни Ҳиндустонро аз ин ҷо мебароранд, шаҳрвандони моро аз он ҷо овардан мумкин нест. Мо омодаем, ки онҳоро ба карантин гирифта, ҳамаи қоидаҳоро риоя кунем, лекин агар парвозҳо ба охир расанд, пас онҳо чӣ гуна баргашта метавонанд? Албатта, бо шариконамон дар Ҳиндустон ҷиҳати ёрӣ ба модару духтар барои бозгашт гуфтушунид дорем. Метавон як, ду ва се ҳафта кумак кард, лекин аллакай ду моҳ сипарӣ шуд”, – изҳор дошт Ҳалимов.

То замони нашри хабар ба “Азия-Плюс” муссар нашуд, ки шарҳи ВКХ-ро дар бораи ин масъала бигирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...