Коронавирус дар Тоҷикистон: сироятёбии 21 нафари дигар, марг нест

Asia-Plus

Шоми 30 июн шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар ба 13499 нафар расидааст.

Теъдоди одамони сиҳатшуда 18 нафар афзудааст – тибқи омори расмӣ ҳоло шумораи онҳо 13 302 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи фавтидагон аз коронавирус бетағйир мондааст: аз оғози пандемия 90 нафар. Ин дар ҳоле, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз мавридҳои марги шахсиятҳои маъруф хабар дода мешавад. Дирӯз Вазорати тандурустӣ ин гуна хабарҳоро комилан рад кард ва ба asia+ гуфт ин хабарҳо беасосанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон ҳазорҳо нафар тахмин зада мешавад.

Ваксинзании оммавӣ дар кишвар идома дорад.  Ҳамзамон, овозаҳое паҳн шудаанд, ки ваксинаи чинӣ як маротиба эм карда мешавад. Ин овозаҳоро Вазорати тандурустӣ рад кард ва қайд кард, ки ваксинаи чинӣ, ба мисли ваксинаи AstraZeneca, ду маротиба гузаронида мешавад.

Дирӯз дар вилояти Суғд захираи воксин тамом шу два мардум пушти дари дармонгоҳҳо барои гирифтани воксин навбатпойӣ карданд. Мақомоти тандурустии ин вилоят мегӯянд, ки бояд 100 ҳазор воя воксин ворид шавад, аммо дақиқ намедонанд, ки кай. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...