Retro auto & Retro music Fest 2021 дар Душанбе чӣ гуна баргузор шуд

asia+

26 июн дар майдони 800-солагии шаҳри Маскав Ҷашнвораи анъанавии аллакай 9-уми автомобилҳои қадима ва ретро-мусиқӣ баргузор шуд. Ин дафъа он ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон доир гардид.

Ҷашнвора (фестивал) аз намоишгоҳи автомашинаҳои нодири солҳои 50-70-уми садаи гузашта оғоз гардид. Ин ҷо моделҳои гуногуни автомобилҳои даврони Иттиҳоди Шӯравӣ – «Волгаҳо» ГАЗ-21 ва ГАЗ-24, "Москвичҳо"-и насли гуногун, "Запорожецҳо", "Чайкаҳо", "ЗИМ" ва ҳатто "СМЗ" – автомашинаи махсуси қадима барои маъюбон ба маърази тамошо гузошта шуд!

Аксҳо аз Хусрав Зуҳуров

Лекин “шоҳи намоишгоҳ” ба ақидаи меҳмонони сершумор, Nissan Cedric R330 GL-и сиёҳи истеҳсоли соли 1978 дониста шуд, ки сарфи назар аз синнусоли зиёд, хеле ҷолибу хуштарҳ ба назар мерасид.

Ба сурати умум, ҳар кадоме аз автомобилҳои дар намоишгоҳ пешниҳодгардида намунаи шоистаи нақлиёти замони худ буд. Дар ҳамин ҳол, ҳамаи автомашинаҳо хеле тозаву озода буданд. Ҳолати онҳо хеле хуб буд, чунки моликони онҳо барои дар чунин ҳолати хуб нигоҳ доштани “аспҳои оҳанин”-и худ хеле зиёд кӯшиш ба харҷ медиҳанд!

Мавриди зикр аст, ки моликони бисёре аз чунин автомобилҳоро Клуби “Авто Ретро Эксклюзив”-и Тоҷикистон дар сафҳои худ муттаҳид мекунад. Маҳз ҳамин Клуб дар шарикӣ бо гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” созмондиҳандагони чорабиние бо ёди замони гузашта мебошанд. Шаҳрдории пойтахт ва шахсан раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузории фестивалро фаъолона дастгирӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи автомобилҳои қадима танҳо як қисмате аз Фестивал буд. Қисмати дигари он консерти ситораҳои эстрадаи тоҷик шуд, ки бо суруду мусиқии гузаштаву муосири худ табъи тамошобинонро болида гардониданд.

Дар толори Фестивал ин шом Сафармуҳаммад, Мадина Ақназарова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Ширинмоҳ Ниҳолова, Хайём Хаёлбеков, Шоира Иброҳимова, Ҷахонгир Зарипов ва Шуҳрат Сайнаков ҳунарнамоӣ карданд. Ҳозирини майдон ҳунармандони дӯстдоштаи худро бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол намудаву бо онҳо ҳамовозиву рақс карданд!

Дар танаффусҳо байни таронаҳо тамошобинон бо диджейҳои радиои “Азия-Плюс” (107FM) – Орзу Исоев, Даша Христолюбова, Баха Назирбаев, Андрей Соколов ва Дилшод Болтаев фаъолона муколама доштанд. Онҳо озмунҳо баргузор намудаву ҷоизаҳо тақдим намуданд ва меҳмононро ба толор даъват мекарданд. Яке аз меҳмонони Фестивал, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зимни суханронӣ аз толор ҳамаро бо ҷашни қарибулвуқӯъи 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ табрику таҳният гуфта, изҳори итминон кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳо байни кишварҳо густариш хоҳанд ёфт.

Дар умум Фестивал шавқовару ҷолиб сурат гирифта, баргузории он ба туфайли дӯстони мо муяссар шуд. Шарики кулли Фестивал низоми интиқоли маблағи Contact мебошад. Ба туфайли ин низом садҳо ҳазор нафар тоҷикистониён имкон доранд, ки маблағи худро ба наздикони худ дар Тоҷикистон хеле осону қулай равон кунанд.

Шарики суғуртавии Фестивал ширкати “Асри XXI” аст. Дар бозори Тоҷикистон ин ширкат маҷмӯи васеи хизматрасониҳо барои оила, аз қабили суғуртаи манзил, автомобил, саломативу ҳаётро пешниҳод мекунад. Диджитал-шарик Retro Fest «Халиқ Банк» дар ин чорабинӣ кортҳои пластикии VISA ва Mastercard-ро бо хизматрасонии бепули 3-сола ва шарики болаззати мо Coca-Cola Tajikistan ду маҳсулоти нави ҷолиби тобистони имсола кока-колаи бе қанди Лимон-Лайм ва Fanta-ро бо мазаи себ манзури ҳозирин карданд.

Дар фарҷом мебояд аз тадбирҳои қатъии вобаста ба пандемия дар чорабинӣ андешида ҷудогона ҳарф зад. Таъмини бехатарии мардум дар ҷараёни баргузории Фестивал афзалияти асосии шаҳрдории Душанбе ва дастандаркорон маҳсуб меёфт. Дар тамоми ҷараёни баргузории Фестивал гурӯҳи ризокорон (волонтёрон) аз лоиҳаи Y-PEER ба ҳамаи меҳмонон бпул ниқоб тақсим кардаву ба безарар гардонидаи дастҳо бо маҳлул ёрӣ медоданд, риояи масофаи иҷтимоӣ ва дигар меъёрҳои беҳдоштиро аз ҷониби меҳмонон таҳти назорат доштанд. Миннатпазирем аз онҳо барои чунин ғамхорӣ ба мо!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...