Аз хун то хушбахтӣ: калиди хонаҳои навсохтаи сокинони Чоркӯҳро супурданд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Баъди ду моҳи даргирҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хонаҳои тахрибшудаи сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз нав бунёд ва ба соҳибонашон супорида шуданд. Имрӯз, 2-юми июл раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамроҳи ҳайатҳои дигари ҳукумат калиди хонаҳои навсохтро супурдаанд.

Мақомот мегӯяд, хонаҳо бо тарҳи нав бунёд шуда бо ҳама лавозимоти рӯзғорӣ ҷиҳозонида шудааст.

Дар даргириҳои марзӣ аз ҳама бештар хонаи сокинони деҳаи Сомониён оташ гирифтаву зери шилику тирборон монда буд ва мақомот мегӯяд, 17 хонаи пурра вайроншуда дар ин деҳаро аз нав барқарор кардаанд. 

Роҳбари Ситоди вилоятӣ дар умури барқароркунии оқибатҳои низоҳои наздисарҳадии вилояти Суғд  Маъруф Муҳаммадзода ба “Азия-Плюс” гуфт барои 29 оила дар 16 мавзеи маҳаллаҳои деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён хонаи нав сохтанд. Ӯ гуфт хонаи 29 хонавода дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел осеб дида, 22 хона пурра вайрон шудааст. Дар ин хонаҳои вайроншуда беш аз 130 нафар зиндагӣ мекарданд ва ҳамакнун соҳиби хонаҳои нав худ шуданд ва ба зиндагии муқаррарӣ идома медиҳанд.

“Хонаҳо пурра бо ҳамаи ҷиҳози хонадорӣ аз қошуқу кӯрпаву пиёлаву чойник то мошинаи ҷомашӯӣ, яхдону телевизор, тафдон ва сӯзану риштаву болину қолин муҷаҳҳаз карда шуд. Сохтмони хонаҳоро асосан сохторҳои вилоятӣ дар зимма доштанду анҷом доданд. Дар масъалаи ҷиҳозонидан шаҳру ноҳияҳо ва баъзе ташкилотҳо қисман кӯмак карданд ва ин кор дастҷамъона сурат гирифт”,- гуфт Маъруф Муҳаммадзода.  

Манбаъ мегӯяд,  дар баъзе аз ҳавлиҳои вайроншуда то ду-се ва чаҳор оила зиндагӣ мекунанд. Ин хонаҳо бо супориши раиси вилояти Суғд аз нав барқарор шуда, ниҳодҳои гуногун дар бунёду маблағгузорӣ барои харидории масолеҳи сохтмонӣ ӯҳдадор шуда буданд. Ҳамакнун масъулин мегӯянд баъди азнавсозӣ 17 хона дар деҳаи Сомониён ва 12 хона дар деҳаи Хоҷаи Аъло бунёд шуд.

Тибқи лоиҳа хонаҳои типи деҳот бунёд шуд ва бино ба маълумот барои як хонавода ду хона, як даҳлезу айвон, ки ҳудуди 100 метри мураббаъ аст бо зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ масраф тамом шудааст.

Ин хонаҳо дар муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 29-30-уми апрел аз суйи қирғизҳо оташ задаву дар пайи тирпарониҳо вайрон шуда буд. 

Дар ин муноқиша асосан хонаҳои сокинони Сомониён ва Хоҷаи-Аълои ҷамоати Чоркӯҳ комилан ва ё қисман тахриб шуда ва сокинон гуфта буданд аксаран оташ задаанд.

То имрӯз мақомот расман зиёни расидаи муноқишаи мусаллаҳона дар Исфараро эълон накардааст. Вале як манбаъи “Азия-Плюс” дар Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи Исфара гуфт, онҳо ҳисоботоро барои санҷиш ба ҳукумати вилояти Суғд фиристодаанд, ки бино ба ҳисоби пешакӣ ин зарар баробар ба  11 миллиону 901 ҳазору 772 сомонӣ аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...