Коронавирус дар Тоҷикистон: 49 нафар сироят ёфта, 1 нафар фавтид

Date:

Рӯзҳои 3-4 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 49 нафар зиёд шуд.

Акнун шумори умумии сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ ба 13 ҳазору 597 нафар расид.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 365 нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду рӯз 32 нафар шифо ёфтаанд.

Шумори фавт ҳам аз мавҷи дуюми коронавирус афзуд. Давоми ду рӯз боз як нафар фавтида, теъдоди умумии фавтидагон ба 93 нафар расид.

Ёдрас мекунем, ки  бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус аз 2 июл ваксиназанӣ дар ҷумҳурӣ барои шахсони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ шуд.

Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, бояд ба табиби оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳаллӣ муроҷииат намоянд. Ваксинагузаронӣ бепул аст.

Дар муроҷиати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки дар АМИТ “Ховар” нашр шудааст, аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки вобаста ба хуруҷи мавҷи нави бемории коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...