Шаҳрдории Душанбе: “Маршировка идома дорад, аммо шумораи ширкаткунандаҳоро кам кардем”

Дар шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ки тамрини раҳпаймоӣ ё худ “маршировка”-и донишҷӯён ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолият бо шумораи кам идома дошта, онҳо дар бораи боздоштани он ҳоло дастур нагирифтаанд. “Маршировка дар пойтахт ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолият бо шумори кам идома дорад. Айни замон дар он зиёда аз 7 ҳазор нафар донишҷӯён (қаблан 15 […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ки тамрини раҳпаймоӣ ё худ “маршировка”-и донишҷӯён ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолият бо шумораи кам идома дошта, онҳо дар бораи боздоштани он ҳоло дастур нагирифтаанд.

“Маршировка дар пойтахт ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолият бо шумори кам идома дорад. Айни замон дар он зиёда аз 7 ҳазор нафар донишҷӯён (қаблан 15 ҳазор зикр шуда буд – Идора) иштирок доранд. Дар он ҳамаи тадбирҳои эҳтиётӣ риоя мешавад. Ҳар рӯз ба донишҷӯён бепул маҳлули антисептикӣ ва ниқоб дода шуда, онҳо бо оби нӯшокӣ таъмин карда мешаванд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Нуралӣ Шоҳиён, сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, тамринҳои раҳпаймоӣ ҳар рӯз аз соати 6 то 10-и субҳ гузаронида мешавад.

“Маршировкаҳо дар якчанд қисмати шаҳр мегузаранд. Донишҷӯён дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, варзишгоҳи “Локомотив”, майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва дигар ҷойҳо машқу тамрин мекунанд”, – хабар дод ӯ.

Номбурда зикр кард, ки ҳоло ба онҳо дар бораи боздоштани машқу тамринҳо дастур нарасидааст. Дар ҳамин ҳол, Шоҳиён бо итминон изҳор дошт, ки донишҷӯён масофаи иҷтимоӣ ва реҷаи ниқобпӯширо риоя мекунанд.

“Агар ба мо бовоар надошта бошед, биёед, худатон бинед”, – Шоҳиён.

Дар Вазоратимаориф ва илм қаблан ба “Азия-Плюс” гуфта буданд,  ки алҳол маълум нест, ки “маршировкаҳо” барқарор мешаванд ё не.

Дар Вазорат шарҳ доданд, ки қарори боздоштан ё баргузории “маршировка” вобаста ба вазъи эпидемиологӣ аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус қабул мешавад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи нақша ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ намоишномаи театришуда ва роҳпаймоии идона дар хиёбони Рӯдакӣ омода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов