Эмомалӣ Раҳмон домодашро сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин кард: тағйироти кадрӣ

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон, имрӯз бар пайи тағйироти кадрие, ки дар мақомҳои гуногуни сохторҳи давлатӣ сурат гирифт, домодаш Ашраф Гуловро сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин кард. Фармони таъинот дар торнамои президенти Тоҷикистон нашр шудааст.  Дар ин фармон, ки имрӯз содир шудааст, гуфта мешавад, ки "Гулов Ашрафҷон Шералиевич Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии […]

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон, имрӯз бар пайи тағйироти кадрие, ки дар мақомҳои гуногуни сохторҳи давлатӣ сурат гирифт, домодаш Ашраф Гуловро сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин кард. Фармони таъинот дар торнамои президенти Тоҷикистон нашр шудааст. 

Дар ин фармон, ки имрӯз содир шудааст, гуфта мешавад, ки "Гулов Ашрафҷон Шералиевич Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия таъин карда шавад".

Сафири акнун собиқи Тоҷикитон дар Туркия Раҷабиён Маҳмадалӣ Давлатшо ба далели расидан ба сини нафақа тибқи як фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон бознишаста шуд. 

Ашраф Гулов аз ин пеш дар мақоми Консули Тоҷикистон дар Русия кор карда буд ва то таъин шудан ба мақоми сафирӣ, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ буд. 

Ашраф Гулов ҳамсари Парвина Раҳмонова яке аз духтарҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ӯ ҳам дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад ва дар гузашта муовини сардори яке аз раёсатҳои ин ниҳод буд.  Ашраф Гулов писари Шералӣ Гул вазири пешини энергетика ва саноати Тоҷикистон буд. 

Тибқи фармонҳои дигари президенти Тоҷикистон Музаффар Аҳмадзода муовини якуми мудири Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон ва Суҳроб Сафарзода муовини мудири ин Оҷонсӣ ба ҷойи якдигар таъйин шудаанд. Сафарзода муовини якум шудаасту Аҳмадзода муовин.

Ҳамчунин Ҷамшед Саидшозода аз мақоми муовини мудири ин Оҷонсӣ барканор шудааст. Далели барканории ӯ "газуаштан ба кори дигар" гуфта шудааст. Дар ин мақом Талбакзода Сулаймон таъин шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Нурулло Абдуллозодаро ба далели ба кори дигар гузаштанаш аз мақоми муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка барканор кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор Абдулло Қурбонзодаро директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз ин мақом Дӯстзода Диловаршоро барканор кардааст. 

Абдухолиқ Амирзода муовини нави вазири тандурустӣ таъин шудаасту Назаралӣ Файзализода аз вазифаи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шудааст. 

Давлат Сафар, ки то ин дам мудири шариёти "Адиб" буд муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин шудааст. 

Сӯҳроб Саъдуллозода директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд ва мудири пешини ин ниҳод Раҷабалӣ Саидвализода, ҳафтаи пеш дар шаҳри Душанбе даргузашт, ки гуфта мешуд далели маргаш гирифторӣ ба коронавирус будааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.